Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳотамбек тар шуда, эҳтимол хунук хўрда, дастонашро ба остинҳои ҷома меандозад.
Исматулло як сурфида, пойҳояшро монугир мекунад. Ва дўстон, дўстони айёми беғаши бачагӣ, ба чанд сухани дар ин гуна мавридҳои хайрухуш зарурӣ ба се ҷониб рўй оварда... аз ҳам ҷудо, ҳар кадом ба хилвати худ мераванд.
2005
ОҚИБАТ
Вақте... дар хаёлаш асло дам нагирифта, заррае ҳам роҳат набурда ва аз гуна-гуна хобҳои шаби дароз дидааш, ки ғолибан даҳшат доштанд, ҳатто порае дар ёдаш намонда, гўё маҷбур чашм кушод, Хонаи бисту панҷ сол инҷониб барояш шинос ғарқи анвори офтоб буд.
«Чоштгаҳ шудааст», – хамёза кашида, лоқайд аз дил гузаронд зан. Сипас ба девори аз шинухези тўлонии магасҳо чиркини рўбарўяш ва кочоли гирду атроф – ҷевони хеле кўҳнаи либос, оинаи барқади низ кўҳна, қолинаки рангаш паридаву паташ қариб рафтаи назди кати чўбин, – Кати чўбини фарсуда, ки худ ҳоло дар болои он беҳараккат мехобид...
Ниҳоят, ба тўрпардаи кайҳо боз нашустаи тиреза ғайри ихтиёр ва як-як назар давонда, зуд паҳлу гашт; ин ҳамаро гўё тобу тоқати дидан надошту аз рўи одати доимӣ нигарист; ноилоҷ ва сарсарӣ чашм андохт ба онҳо! Имрўз душанбе – тавонад, боз каме ғанаб мекунад; фардо аз худи саҳар ҷунбуҷўл, азоби алим...
Фардо аз саҳар то бегоҳ дар хоначаи мартуб ва бадбўи пушти ошхона, Ҳамон ошхонае ки дар як гўшаи бозори шаҳр воқеъ гардида, одамон ба он ҷо аз субҳ то шом барои лағмон ё манту хўрдан медароянд...
Медароянду мебароянд, Миёнаш дуқат, вай боз зарф мешўяд; Тал-тал мешўяд!
Бас будагист андешаҳои беҳуда. Ҳоло соате бошад ҳам, зўр зада... хоб кардан лозим.
Лекин дақиқаҳо паёпай мегузаштанду ба чашмони зан дигар хоб намеомад. Имрўз дилашро вай аз ҳаррўза бештар захмину ғамгин медид. Ба назараш деворҳои хона, ки як тирезаи хурд дошт ва дараш маҳкам пўшида буд, бадани то динаҳо тароватноку барги гул барин хушранги ўро чун дасту панҷаҳои оҳанин сахт ба тазйиқ мегирифтанд. Рўйҷои сафед, шояд аз он ки вақтҳои охир ҳеҷ ором хобида наметавонад ва борҳо аз мағзи ҷигар оҳ кашида, дам ба дам паҳлу мегардад, – Рўйҷои сафеди андак тиратоб дар такаш ғиҷим шуда, ба монанди як чизи кареҳ ғашашро меовард.
Мижагони зан – вай худ аз ин бехабар монд – баногоҳ тар шуданд. Ба гунаҳояш ришта-ришта ранги сиёҳ давид; ранги сурма...
«Аҷаб, – гуфт ў дар дил, – ҳатто аз нури офтоб бадам меояд. Ман чӣ тавр ба ин варта афтидам? Чӣ шуд ба ман?..
Магар намедонам сабабашро? Хуб медонам! Кай шуд, чӣ шуд ва чӣ тавр шуд
– медонаму боз ҳам... Аҷаб!»
Оби дидаашро пок карда, зан ба шаст аз ҷогаҳ хест ва мўи кўтоҳ буридаи дар болин патакшудаашро ба сари ангуштон шона зада, беихтиёр пеши оина рафт.
Хушқаду қомат буд ҳанўз; чашмони калон-калони бодомиаш фаттон буданд ҳанўз! Аммо пўсти ҷо-ҷо аз ашки сурмаолуд сиёҳгардидаи рўяш хушк, илова бар ин реза-реза ожанг дорад ва ҳатто қадре заҳиру пажмурда метобад.
Вай дар муқобили оина фурсате карахту беҳаракат истод. Баъд, чунон ки ба костани ҳусну тароваташ маҳз ҳамин оинаи намедонад бисту панҷ...
Ё садсола гунаҳкор бошад, ба қаҳру заҳр аз вай рўй тофта, бе ягон мақсад ба хонаи дигар гузашт.

пешина
аз 132
навбатӣ