Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамин қадар кайфаш бас будагист, – коҳишнок механдад Нозилҷон.
Исматулло, ки чолок шишаро гирифта, ба пиёлаҳо арақ рехтан мехост, сараш андак хам, онро дуртар аз худ дар як гўшаи дастархон монда:
– Лекин рост, – мегўяд. – То ин ҷо омадан ман хеле гулў тар кардам. Шумо дар ҳақиқат нахоҳед, пас банда ҳам дигар наменўшам.
– Ҳар ду ихтиёр доред, аммо ман дар воқеъ ҷиддан... – гўшти инак майдаро аз болои тахтача ба рўи ош мегузорад Ҳотамбек.
– Ту аввал кўча баро, Катарин. Баъд ана... дида арз мекунем, ки то чӣ андоза ҷиддан не мегўӣ.
– Шунидӣ? – мепурсад Ҳотамбек аз Нозилҷон. – Таҳдидро шунидӣ? Аз доми алоиқи инҳо халосӣ нест. Боз ту ба гўшам мехонӣ, ки аз худат эҳтиёт бош...
– Хуб, гиред, палави кадбону маътал шуд, – ба арзи ҳоли ў чандон эътибор надода, даст ба лангарӣ мебарад Нозилҷон.
Ва ба ҳамин хомўшӣ дар миён омада, ёрони куҳан як муддат ош мехўранд, газак мегиранд. Пас, ҳангоми чои гарм, даричаи гуфтугўро аз дигар тараф кушода, ҳар кадоме аз он чи огаҳ аст, бе ҳеҷ тааннут ягон соат барин сўҳбат мекунанд. Аз вазъи пойтахт, ҳолати таълиму тарбия дар мактаб, баъзе воқеоти хушу нохуши деҳа, инчунин аз рўзгори шахси худ, ҳаёти собиқ ҳамсинфон, ниҳоят аз боби имону инсоф...
Исматулло акнун Ҳотамбекро бе лақаби наваш ном мегирад. Соҳиби хона низ хеле меҳрубон – маълум, ки сидқан меболад аз ҳузури дўстони айёми дур. Нозилҷон ҳам хурсанд аст; тану ҷонаш хоса ҳаловат бурда, гўё дар олами сабзи кўдакӣ масрур ба гардиш меоянд. Билохир вай пиёлаи холиро оҳиста дар рўи дастархон монда, ба оҳанги шукру сипос мегуяд:
– Инак ба ман иҷозат.
– Ба камина ҳам, – зуд ўро пайравӣ мекунад Исматулло.
– Боз камтар шинем, чӣ? Охир, шабҳои зимистон дароз! – далел меронад Ҳотамбек.
– Ҳоло аз дидори модар сер нашудаам.
Саҳар баргаштан лозим, – низ асос меорад Нозилҷон.
– Чӣ илоҷ, ҷўраҷон, майлат... Дар куҷое бошӣ, зинда бош.
Ба аҳли оилаат салом расон. Садқаи ҳар қадамат...
Дўстон ба дастархон фотиҳа хонда, қаноатманд аз ҷой мехезанд. Ҳотамбек ҷомаашро чаққон ба китф андохта, чашмони кабудаш равшан, хушнуд нидо мекунад:
– Ман худам шуморо то таки дарвоза мебарам!
– Мабодо, ки гашта биёем, а? – нешханд мезанад Исматулло.
– Ёфтӣ, – мегўяд ў. – Нозилҷон-ку, хайр, маълум – инсоф дорад, вале аз одати нағзи ту метарсам.
– Ҳай зихнаӣ, Катарин...
– Боз ҳамон гапи бўйнок!
– Пушти хамидаро гўр рост мекунад.
– Ту албатта дар худат санҷидаӣ...
Онҳо ба чунин суханон хандида-хандида, аз дарвозаи ҳавлӣ берун меоянд. Ва беихтиёр таваққуф намуда, фурсате сукут меварзанд. Гўё баногоҳ худро дар як олами ноошно мебинанд. Гўё намедонанд дар ин нимторикии шабоҳанг ба ҳам боз чӣ гўянд, дигар аз кадом боб ҳарф зананд... Маҳин мерасад садои борони майда, борони сарди шоми зимистон. Дар кўчаи ҳоло хилват, ки ба ду тараф вазнин тўл кашидааст, аз симчўби пеши баъзе ҳавлиҳо ҷо-ҷо равшанӣ медавад. Деҳа хомўш, ба ҷуз гиряи аламноки борон ғайра овозе намепечад дар он. Аз чӣ бошад, Нозилҷон модари куҳансолашро нохост ба худ тассавур намуда, қомати наҳифи ўро дар пушти тиреза мебинад – чашмаш чор, яқин раҳ мепояд кампир, раҳи ягона писар...

пешина
аз 132
навбатӣ