УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Маст ё не, ду-се кас шуда, ба ёди шумо кам-кам нўшидем, – борониву кулоҳи фарсудаашро як сў партофта, ходавор хушки дароз, норозиёна ғур-ғур мекунад ў.
– Ҳушат дар ҷояш? – мегўяд Ҳотамбеки дар ҳар сурат бемор. – Мо ҳоло намурдаем.
– Зинда бошӣ, ба суроғи муаллими камбағалат одам мемондӣ...
– Ту ғам нахўр, Ҳотамбек, ин ҷўраи мо ба ёди худаш нўшида, андак малул шудааст, – ба Исматулло оғўш мекушояд Нозилҷон.
– Лекин ҳай обсофкунакӣ! – бардурўғ ҷигот меандозад меҳмон, ки низ дўсти бачагии ўст.
Баъд аз вохўрдии гарму самимӣ онҳо дар гирди дастархон нишаста, аввал даст ба фотиҳа мебардоранд. Пас ба ҳамдигар дубора, инак батафсил пурсупос мекунанд.
– Саҳарӣ аз аҳволи шон хабар гирифта будам, – соҳибхонаро дар назар дошта, ниҳоят танҳо ба Нозилҷон рўй меорад Исматулло. – Худат чӣ хелӣ – тану ҷонат сиҳат? Вақтҳои охир ками дар кам меоӣ, пазмон шудаем.
– Мо дукаса, иншооллоҳ, пазмониатро мешиканем, – нарм мегўяд дар ҷавоб Нозилҷон.
– Ба чӣ? – гўшу ҳуш мегардад Ҳотамбек. – Ба амонаташку хиёнат кардем...
– Ана, нисф зиёд мондааст, – ба шишаи болои дастархон нигариста, қир-қир механдад Исматулло.
– Ин аз толоби дигар.
– Фарқаш чӣ? Кайфаш бошад, шуд...
– Кайф медодагисту афсўс, ки дар зери назорат, – маънидор табассум карда, беозор мегўяд Нозилҷон.
– Шии-шаа?! – мутаҳайир як ба вай, як ба Ҳотамбек чашм медавонад Исматулло.
Ҳамин дам дари хона аз нав боз гардида, нахустписари Ҳотамбек дар рўи лаълӣ чои гарм ва ҳар навъ газак меорад.
Ва чойники холиро гирифта, берун мераваду баъд аз лаҳзае модари ў як лангарӣ оши палав медарорад. Омехта ба ҳаври он дар димоғҳо бўи иштиҳоангез менишинад. Табақро дар мобайни дастархон мондан пас... занак эҳтимол шишаи гардандарози арақаш ҳамчунон нимабаландро махсус аз назар гузаронда, табъаш хеле хуш, ба Нозилҷон гарм муроҷиат мекунад:
– Нанўшидаед-ку...
– Аз дасти ту нўшида мешавад, чӣ! – ба ҷои дўсти худ фавран ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.
– Ман аз акаам пурсидам...
– Ана, Исматулло омад, ҳоло менўшем, – аз шарми ногаҳон ба гунаҳояш як қадар хун давида, дар тавозўъ мегўяд Нозилҷон.
– Ош шавад! – дари хонаро оҳиста кушода, занак аз паи кори худ меравад.
– Ин Шералӣ дар зери назари кӣ будааст, акнун фаҳмидӣ? – ба Исматулло чашм медўзад Ҳотамбек.
– Дар зери назари худо бошад ҳам, менўшем, – хотирҷамъ мегўяд вай. – Охир, ҷўраи ҷонамон омадааст! Кайҳо боз ба дидораш зор мегаштем.
– Ман дигар намегирам, – қатъӣ садо медиҳад овози Нозилҷон. – Бе ин ҳам ба одами бемор нўшида, гуноҳ кардам. Ҳатто шарманда шудам.
– Дар пеши кӣ? – гўё ҳайрон монда, ба ҷид мепурсад Исматулло.
– Ҳеҷ набошад, дар пеши худам.
– Ҳотамбек касал не, беҳуда ғам мехўрӣ.
– Чӣ хел, аз як мурдан гаштаасту...
– Худо хоҳад, боз аз сад мурдан мегардад!
– Ту, нағзаш... дигар ба вай чаққа нашав. Воқиан ҳам дўст бошӣ, зинҳор аз ёдат набар, ки духтур чӣ фармудааст.
– Хуб, ба ин касали лоҳис намерезам.
Дуямон менўшем, пеш аз ош, кам-кам...
– Гуфтам-ку: не!
– Дилат мекашида бошад, худат нўш.
Бемалол... – ба Исматулло рўй меорад Ҳотамбек.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё