УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Аҷаб саховате!
– Ман бошам, ягон санги шашпарра бурда медодам, ки ба сараш занад.
– Сабаб?
– Ба ақли кўтоҳи банда... вай барин муборизҳо асосан дар кўи нафси бади худ мубориза мекарданд.
– Гапат ҷон дорад.
– Лаънатӣ он рўз аспи бидави бобои маро дида, чашмонаш барқ зада, аз ғояти хурсандӣ магар, боз мегўяд, ки носи нағз ёфт мешавад? Бале, – филҳол ҷавоб мегардонад човандоз, ҳамин носкадуи зеборо аз бағалаш берун оварда.
– Пас ў мекашидааст...
– Ман, охир, нав ба ту фаҳмондам, ки не! – хитоб мекунад Ҳотамбек. – Худаш ҳеҷ гоҳ накашида, барои якта-нимта носӣ гирифта мегаштааст.
– Яъне бубинед, ки ман чӣ хел носкадуи нестдарҷаҳон дорам? – ба завқ меояд Нозилҷон.
– Шояд. Балки савоб гуфта...
– Баъд?
– Сталинград рафта, аз худаш пурсӣ намешавад?
– Ман давоми қиссаро шуниданӣ, гаранг!
– Давомаш ҳамин ки Иброҳимбек носро мекашаду носкадуро гардонда намедиҳад.
Зеби мо будааст мегўяд хандон. Човандоз ҳарчанд молашро бозпас мехоҳад, бефоида... Лақай дигар парво накарда, пешпеши саворони худ шоду бод ба раҳ медарояд. Бобои паҳлавони мо чӣ? То носкадуямро аз дасти вай гардонда нагирам, ин деҳаи аҷдодиро акнун пушти сарам мебинад гуфта, аз паи Иброҳимбек таваккал қадам мебардорад. Лекин осон аст ба савора расидани пиёда? Албатта не... Бо вуҷуди ин човандоз аз қасдаш намегардад – манзил ба манзил чандин рўз таъқиб карда, ду-се маротиба ўро мебинад. Ҷасурона мегўяд, ки амонатамро баргардон. Аммо ҳар дафъа Иброҳимбек ба як сухани «ту аҷаб одамӣ...» фақат хандида, носкадуро гашта намедиҳад. Гўё паҳлавонро ба бозӣ андохта, масхара кардан мехоҳад.
– Ҳамон вақт бобоят чандсола будааст?
– Камобеш бистсола, муҷаррад...
– Аспи бидавашро ба ду дасти адаб супурда, аз паи як носкаду ин қадар овора шудан... – лаҳзае ба хаёл меравад Нозилҷон. – Ростӣ, кас дар ҳайрат мемонад.
– Ман ҳам то ҳол ҳайронам, – андешаи ўро тасдиқ намуда, аз сари нав чорзону менишинад Ҳотамбек. – Вале зудзуд фикр мекунам, ки дар воқеъ инсони якрав будааст бобои човандози ман, истодагари баору номус будааст. Агар не, ба гуфти ту азоби алим кашида, марҳилаи дуру дарозро тай зада, баъзе шабҳояшро дар ҳар гуна фарозу нишеб рўз карда, падару модараш ахир ноумед, оқибат то худи Деҳнав мерасад? Нотарсиро бин...
– Деҳнави имрўза Ўзбакистон?
– Бале. Аммо дар он ҷо ҳам Иброҳимбек ўро дидан замон хуб механдад, ки ин бандаи худо эҳтимол сиҳат нест. Ҳатто чашмашро сахт тарсондан мехоҳаду аз чӣ бошад, даррав мулоим шуда, баъд ана... мегўяд: ман ба ту қоил, бачамард, ҳақиқатан дар иқдоми худ устувор будаӣ... Ва як муддат ўро аз ҳар дар ба гап гирифта, боз ҳам мурданивор қаҳқаҳ зада, ниҳоят ин кадучаи нозанинро бармегардонад. Бобои мо аз ғояти шодӣ тоқиашро албатта ба осмон меандозад.
...Банохост дари хона кушода шуда, дар остона андоми Исматуллои муаллим намоён мегардад. Ва Ҳотамбек:
– Давомаш ба вақти дигар, – гўён зуд аз болои кўрпача мехезад. – Ку биё, дўстам...
– Ана, омадам. Хабар накунед ҳам, омадам, – гулдурос мезанад овози меҳмон.
– Чӣ бало, мастӣ? – низ бархоста, ҳазломез мепурсад Нозилҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё