УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Яъне ҳамон нафаре ки анбонашро ғалтондааст? – каме бетоқат шуда, мепурсад Нозилҷон.
– Худи худаш, – суоли ўро тасдиқ мекунад Ҳотамбек. – Хулласи калом, маълум мегардад, ки вай як тоҷири қубодиёнӣ буда, пурсон-пурсон фалон вақт аз фалон раҳ киҳо гузашта, то куҷо рафтани аксарияти онҳоро камобеш муайян намуда, бобои каминаро низ ҷуста меояд. Ва оқибати кораш бахайр, ҳамон шаб хушу хурсанд дар кулбаи бобокалони мо меҳмон мешавад. Дар ҳаққи бобои навҷавони мо таҳсину офаринҳо мехонад. Баъд ана, пагоҳаш... анбонро дар пеши ў кушода, аз таҳти дил мегўяд, ки ҳар чӣ мехоҳӣ, бигир.
Човандоз ба андешаи сухани мардак нашиканад, он зару зевари ҳар кадоме то ин дам шиносро боз як маротиба аз назар гузаронда, фақат ҳамин носкадуи ҷононро интихоб мекунад.
– Пас вай худат барин носкаши чор кас медидагӣ будааст, – беғаш механдад Нозилҷон.
– Мегуфтанд, ки раҳматӣ ҳаргиз намекашид,
– ба тамкин ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.
– Қиссаи бобои парҳезгори ту сирф афсонаро мемонад.
Бе ягон муҳобот.
– Ҳар чӣ бошад, дар замонаш ин фирқа одамон вомехўрданд. Сода, шояд баинсоф. Боз кӣ медонад...
– Хуб, баъд чӣ мешавад?
– Тоҷир, – ба ҳикояташ давом медиҳад Ҳотамбек, – аз рафтори вай ангушти ҳайрат газида, ба бобокалони банда ҳазор раҳмат мегўяд, ки ягона фарзандаш ба чунин чашму дили сер ба воя расидааст.
Ҳатто оби дида мекунад он марди хушбахт. Ва аз бозёфти худ, яъне аз анбонча чил ашрафии башумур гирифта, ин ҳаққи ҳалолат, писар, илоҳӣ насиб кунад гуфта, маҷбур ба дасти бобоям меқапонад.
– Эҳа-аа-а... Чил ашрафӣ давлати бисёр калон буд, – овоз бароварда, гўё худ ба худ меандешад Нозилҷон.
– Яқин кам набудааст, ки онҳо дар як муддати кўтоҳ кулбаашонро ғалтонда, ба ҷояш се дар хонаи барҳаво месозанд. Гави ҷўшоӣ ҳам мехаранд, чор-панҷ моли майдаашон ба рама табдил меёбад.
Муҳиммаш – бобои човандози ман ниҳоят соҳиби асп мешавад. Аспи таърифӣ, аспи тозӣ...
– Худо агар диҳад, намепурсад, ки писари кистӣ.
– Ҳақ асту рост, дўстам, – мад кашида, хушҳол мегўяд Ҳотамбек. – Қисса кўтоҳ, падараш зуд аз доми камбағалӣ раҳо ёфта, бобоҷони мо акнун ба аспи номдори худаш буз мегирифтааст. Дар гўштин ҳам рўз то рўз месабзидааст. Яъне ки дигар дасткўтоҳ набудаанд онҳо. Аммо ин айёми хуш дер нарафта, як-ду сол пас инқилоб мешавад, амир Олимхон мегурезад, ба ҷояш аскарони сурх меоянд. Паёпай, даста-даста, беҳисоб... Ба қавли раҳматӣ қиблагоҳ – вай ҳам албатта аз падараш шунидагист, – балои қазо барин як гирудори шадид бархоста, саг соҳибашро намешинохтааст.
– Воқиаи он солҳо аз таърих маълум, – мегўяд ба тамкин Нозилҷон. – Ту дар бораи носкаду гап зан.
– Кашола кардам? – механдад Ҳотамбек. – Пўсткандаашро шунидан хоҳӣ, амир гурехтан пас ҳаракати босмачигарӣ, ё чӣ тавре имрўз мегўянд, дар раҳи дифоъ аз ватан мубориза оғоз гардида, дар ин арсаи хунин Иброҳимбеки лақай саркардаи муносиб шинохта мешавад. Вай рўзе ба тарафҳои мо ҳам омада, дар пеши масҷиди ҷомеъ ба мардум муроҷиат мекунад, ки ҳар каси баномус агар хонаву дарашро азиз дониста, диёри мусулмонободи худро аз тасарруфи кофирон берун овардан хоҳад, ё мувофиқи синну сол ба сафи мо дарояд, ё ба нияти ғалабаи лашкари ислом алоқадри ҳол нақдина супорад, аспу улав диҳад. Аз байн фурсати зиёд нагузашта, се-чор сарҳуй ба аскарӣ розӣ мешаванд. Баъзе одамони доро хоста ё нахоста, пул мебиёранд, шаш-ҳафт аспи базину лаҷом низ тақдим мекунанд. Аз ҷумла бобои содаи мо ҳам ҳисса дар кори хайр гуфта, он ёри на камтар аз Шабдези худро шахсан ба ихтиёри Иброҳимбек мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё