УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Дар муҳорибаи Сталинград ҷон медиҳад бобои банда.
Як марди расо чилсола...
– Медонам, аз раҳматӣ падарам шунидаам.
– Одами бисёр нотарс, лекин ба ҳақиқати ҳол тандеҳ будааст ў. Дар човандозӣ, гўштин, лозим ояд, ҳатто дар занозанӣ ҳамто надоштааст.
– Боз падарам мегуфт, ки ба шарофати амаки Талбак номаш ноҳаққӣ дар ин музофот ками дар кам рўй медод.
– Бале, ягона фарзанди падару модар будааст бобои ман. Талбида будааст...
– Чӣ илоҷ, дар он солҳо ҷанги Олмон тану ҷони миллионҳо нафарро ба коми бетаки худ фурў бурд. Гўё хушку тар баробар месўхтанд.
– Ҳамин тавр – месўхтанд, хокистар мешуданд... – хаёлолуд манаҳ мехорад Ҳотамбек. – Мегўянд... одами беҳад якрав будааст Талбак-човандоз, аз дами шамшер ҳам руй намегардондааст.
– Якрав набошад, дар вуҷудаш зўъмӣӣболо нагирад, оё чанд шабонарўз аз паи Иброҳимбек барин саркардаи бедод мегашт?! – чойникро пештар кашида, ба худаш чой мерезад Нозилҷон.
– Хунук нашудааст?
– Ширгарм, айни муддао...
– Пас гўш фаро деҳ, – аз сари нав ба лўлаболин такя меандозад Ҳотамбак. Ва як сурфидаву гулў равшан карда, носкадуи нуқракўб дар даст, ниҳоят ба қиссаи ҷадди худ мегузарад, ки замоне паҳлавони номвар буда, дар човандозӣ низ шўҳрати босазо доштааст. – Бобову бобокалонҳои мо, пушт ба пушт мардуми хокпош, ризқу рўзиашонро аз раҳи деҳоқонӣ меёфтаанд. Ба мисли ин бандаи гаправ.
– Бобоят якрав, худат гаправ... – бино монда, нохост ба забон меорад Нозилҷон.
– Ту ҳам дар тамасхур устухон надорӣ, а!
– офтоби аз пушти абр берун ҷастагӣ барин филҳол чеҳрааш кушода шуда, дар табассуми фарох ба чашмони мешии дўсти бачагиаш менигарад Ҳотамбек. Баъд хушнуд идома медиҳад: – Хўш ки бошад, илоҳӣ фардо пули сиротро дав-давон гузашта, аз пешгаҳи ҷаннат ҷой ёбад, раҳматӣ падар баъзан ҳикоят мекард, ки вақте қиблагоҳаш, яъне бобои ман... ба воя мерасад ва гоҳо гўштин гирифта, гоҳи дигар ба аспи як касним каси доро буз кашида, дар гирду атроф кам-кам ном мебарорад, рўзе... шояд ба хости худо аз қади раҳаш анбоне меёбад хурдакак, аз чарми пухтаи ҷигарранг, даҳанаш маҳкам бастагӣ. Аслан ў дар кадом ҷои дур корафтода шуда, ҳамон ҳин харсавор меомадааст, тани танҳо...
Бобои мо аввал ҳайрон мемонад – дар он қарибиҳо касе нест, ки ҳақиқати ҳолро баён дорад. Зеро ин ҳатман аз ягон раҳгузар, аз ягон одами сафаракӣ. Ҳар кӣ ҳам бошад, худаш бехабар, яқин аз улоғаш ғалтондааст бандаи бепарво. Аслашро боз худо медонад... Ба чунин андеша пас анбончаро оҳиста кушода мебинад, ки эҳа-аа-а! – дарунаш пур аз ашёи гаронбаҳо: ханҷари бағилофи дастааш мурассаъ, чанд қуфлаки гиребону гарданбанди беҳамто, ҷуфт-ҷуфт гўшвораву ангуштаринҳои банигин, се адад соғараки заррин, чор-панҷ шадда марвориду марҷони сурх, шаш-ҳафт сархораву ҳатто як дона хилоли низ тиллоӣ, ба илова расо сад ашрафии аъло! Ҷўраи ҷони ман бошӣ, акнун ёбу гир... Камина агар дар ҷои бобоям мебудам, ин қадар сарватро дида, биллоҳ, ки аз ҳуш мерафтам.
Воқиан, аҷибаш – аз байни он зару зевар ҳамин носкадуи азизу авлиё ҳам мебарояд.
Ҳоло гапам чӣ буд? Ҳа-а, эҳтимол ман аз ҳуш мерафтам. Вале бобои қаҳрамони банда ақлашро бой намедиҳад; анбон дар паллаи хўрҷин, шабонгаҳ ба манзил мерасаду онро дар пеши падараш гузошта, буду шуди ҳодисаро нақл мекунад. Ниҳоят ҳар ду аввал хеле музтар монда, баъд аз рўи инсоф маслиҳат ороста, ба хулоса меоянд – ягон одами зинда, бахусус калонтари деҳа, ки пиракии табиатан бисёр фитна будааст, бояд аз ин кор дар ҳеҷ сурат хабар наёбад. Бахташ тофта, он раҳгузари давлатӣ дур нарафта бошад, аз гум шудани анбонаш ҳатман воқиф гардида, ба такудав меояд, аз як кас-ним кас пурсуҷў мекунад. Ва албатта дар байни мардум гап хеста, ба гўши падару писар низ мерасад, ки вай кӣ будааст. Пас онҳо ин анбончаро бурда, бе ягон каму кост ба дасти соҳибаш месупоранд. Ба расми мусулмонӣ рахна назада, дар гуноҳ нағўтида, танҳо савоб хоста... Лекин аҷаб, ки бе овозаву дарвоза шаби дигар ногаҳон дари бобокалони маро мекўбанд. Баромада бинанд, як аспакии паҳлавонҳайат, банур...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё