УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Шинохтӣ, а? – оқибат мепурсад Ҳотамбек.
– Албатта, нишона аз бобои човандозат,
– дарҳол ҷавоб мегардонад Нозилҷон. – Инро кӣ намедонад?!
– Аммо ту фаромўш кардаӣ.
– Чӣ хел? Шинохтам-ку...
– Ман гуфтаниам, ки ба ваъдаат устувор набудаӣ.
– Боз кадом ваъда?
– Дар вақташ қавл дода, қиссаи ин носкадуро кӣ навиштан мехост?
– Ман албатта...
– Ниҳоят, бобои маро кӣ машҳур карданӣ буд?
– Боз ҳам ман.
– Пас сабаб чист, ки наменависӣ? – он кадучаи зебо дар кафи даст, оринҷашро хандон аз лўлаболин канда, чорзону мезанад Ҳотамбек.
– Ҳоло фурсаташ нарасидааст, – мулоим мегўяд Нозилҷон.
– Ба ҳикоя карданам ягон даҳ сол шудагист...
– Шояд, лекин тафсилоташро нағз дар хотир надорам.
Мавридаш ояд, як бори дигар аз худат пурсиданӣ будам.
– Пурс, охир! – баланд механдад Ҳотамбек. – Ё ҳанўз вақту соаташ не?
– Чаро? – андак хиҷил мешавад Нозилҷон. – Бемалол бошад, камтар ба ёдам меовардӣ...
– Агар сидқан шунидан хоҳӣ, ман он қиссаро, ҷўраҷон, камтар не, пурра нақл мекунам.
– Кошкӣ...
– Ба шарте ки ваъдагиатро зудтар менависӣ.
– Гап якта – худо хоҳад, ин дафъа аз ёд намебарам, – диққаташро аз таҳти дил ҷамъ меорад Нозилҷон.
– Хуб, одаму лафз гуфтаанд, – ҷиддан даст ба дўсти бачагии худ медиҳад Ҳотамбек.
Баъд чор ҳадди хонаро хаёлманд аз назар гузаронда, муддате сукут меварзад.
Ҳатто як қадар парешон метобад. Нозилҷон гоҳ-гоҳ ба чеҳраи инак саҳле тирафоми ў нигариста, ботинан худро маломат мекунад, ки воқиан ҳам чаро он ҳодисаи вобаста ба бобои рафиқи шафиқашро сари вақт ба қалам наовард.
Охир, аз айёми кўдакӣ онҳо ғалтидаву хеста, баъзан аз фарти беақлӣ гиребони ҳамдигарро канда, вале бо вуҷуди ин ҳаргиз кина нагирифта, гўё баногоҳ якҷоя калон шуданд. Мактаби деҳаро низ ҳар ду дар як рўз ба итмом расонданд. Хулоса, дўстии онҳо бе ҳеҷ аҳду паймон, бе махсус зиёфату ҷомапўшонӣ, бе ғаразу тамаъ, аммо бисёр гарм ва ҳамвор идома дорад. Инчунин бояд иқрор кард, ки Нозилҷон ба инсонгарии Ҳотамбек, ба хайрхоҳиву хуштабиатӣ, ниҳоят ба дили софу лафзи поки ў пайваста эҳтиром мегузорад. Пас вай ба кадом муҷиб дар пеши дўсташ ваъдахилоф шуд?
Ба ташвиши зиндагӣ, ба фаромўшхотирӣ, балки аз беэътиборӣ? Ҳар чӣ ҳам бошад, мусаллам аст, ки ў, Нозилҷон, худаш бехабар, эҳтимол оби дари хонаро беқадр медонист. Мазмун – ба нафаси зодгоҳаш, ба пасту баланди рўзгори мардуми он, ба гуна-гуна воқеоти ин гирду гўша хеле кам аҳамият медод. Ба пиндораш мавзўъҳои навиштанӣ бояд дар ҷойҳои дигар, дар миёни одамони ғайр, дар муҳити обу хоки ноошно тавлид меёфтанд. Бале, рост гуфтаанд, рост – яқин аз худи рўзи азал қадр надорад оби дари хона, бегумон тира метобад он...
– Чӣ фикр мекунӣ?
– Ман ҳам аз ту инро пурсиданӣ будам, – мулоҳизааш қатъ гардида, ба Ҳотамбек чашм медўзад Нозилҷон.
– Зуд-зуд дареғ мехўрам, ки рўи бобоямро надидаам, – каме мағмум мегўяд вай. – Аҷаб бераҳм аст фалаки ҷомакабуд.
– Аз кори фалак ё не, таърихи дуру дарози инсоният хунрезиҳои шадидро низ дар бар мегирад. Ман гоҳо фикр мекунам... онҳое ки гўё дар дирўза ҷанг ба фашистон ҳалок шуданд, ҳама қаҳрамон буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё