Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ? – як қад паридагӣ барин зуд сар бардошт Амон. – Нафаҳмидам.
Замон ба тарафи ў беҳол даст афшонд ва овозашро баландтар карда:
– Гуландом, – гўён набераашро ҷеғ зад.
Фурсате нагузашта, аз хонаи дигар як духтараки қадрас дар назди вай ҳозир шуд.
– Камтар чои хунук рез.
Духтарак аз чойники калони қирмизӣ, ки дар пеши Амон... Дар рўи дастархон меистод, Ба пиёла чой рехт. Ва баъде ки бобояш ташнагии худро шикаста, кунҷи лабони бехунашро пок карда:
– Ташаккур, духтарам, – гуфт, оҳиста аз хона баромад. Амон як лаҳза ба кати бемор назар давонда, лаб ба сухан кушод:
– Агар медонистам, ки дилат чой мехоҳад, худам медодам. Нафаҳмондӣ…
– Ту?! – абру барҳам кашид Замон.
– Чӣ ту? – боз пилки чашмонаш пирпир парида, бетоқат шуд Амон.
– Ҳамин ту ба ман чой медодӣ?
– Набошад чӣ?
– Ба ҷои чой заҳр медодӣ, заҳри зақум…
Чой, а!
– Ман ба ту ҳайрон.
– Сабаб? – фавран ба ҷониби Амон рўй овард Замон.
– Сабабаш – як поят дар лаби гўру... аз бадгапиат намемонӣ, – ҷавоб гардонд Амон.
– Поям дар худи гўр бошад ҳам, ту барин душманамро ба шакар куштанӣ нестам.
– Бас будагист.
– Боз албатта… ман ба ту ҳеҷ бадӣ надорам мегуфтагистӣ?
– Мегўям! Чунки дар ҳақиқат ягон нияти ганда надоштам. То ҳоли ҳозир дилам соф. Ҳамаашро худат сар кардӣ.
– Хаёлат, ки ҷим шинам буд?
– Надонам, – нигоҳашро аз ў гурезонда, маҳзун гуфт Амон.
– Оқибати дунёро наандешида, ба замини ман муфт соҳиб шудӣ...
– Вай замини ту набуд, – сухани Замонро бурида, аз нав ба рўяш нигарист Амон.
– Аз кӣ буд? – нешханд кард Замон.
– Аз падарат.
– Аз падарам ки бошад, ба ман мерос мемонд.
– Беҳуда худатро азоб надеҳ...
– Аз гап нагурез!
– О ту чаро ин қадар ба ман мечаспӣ?
– Барои он ки гуноҳатро ба гардан намегирӣ.
– Ман гуноҳ надорам.
– Аз ёдат рафт? Падарат хизматгори падарам буд. Устухони худат ҳам ба меҳнат не, ба нони мо шах шуд. Лекин инқилоб омаду дар намакдон туф кардӣ.
Дар пеши гушнапурзўрҳо дум ликонда, аз хурсандӣ бача барин дар эзорат сар дода, зуд ба замини мо даромадӣ; давр акнун даври ман гуфта, гулу райҳон коридӣ.
– Замини шуморо пора-пора... ба бисёр камбағалҳо дода буданд. Ҳоло ҳам ана…
нисф зиёдаш дар ихтиёри калхоз. Лекин ту фақат ба ман заҳр мезанӣ. Шаст сол қабл аз ин-ку дар кўҳи Фарҳод ба сўям тир андохта, қариб кушта будӣ. Баъд ҳам чандин бор ба ҷонам қасд кардӣ. Боз чӣ мехоҳӣ?
– Калхоз, камбағалҳо... дарду бало гуфта, сари маро мўл гаранг накун. Ҳа-а, калхоз ба раҳи худаш, камбағалҳои мегуфтагиат ҳам... Алами ман аз дигар чиз.
– Шунавем, канӣ...
– Чанд бор мешунавӣ? Ба ту хапгир чӣ қадар фаҳмонам, ки дигарон ба ҳар ҳол хизматгори дари хонаи падарам набуданд; бегона буданд. Аз онҳо гила кардан беақлӣ. Ғайр аз ин... аксарият оҳистаоҳиста мурданд. Аммо ту...
– Чӣ, ман пештар мурам буд? Аз безаминӣ мурам буд?!
– Безамин монда, сад бор мурӣ ҳам, ба қадри нону намаки мо расида, ин замин ба ман лозим не гўӣ, ягон кас туро зада намекушт. Ман ҳам то имрўз аз ту домангир намешудам. Ҳар дуямон, охир, чун бародарони ризоӣ будем; айёми кўдакӣ дар як ҳавлӣ бозӣ карда мегаштем.

пешина
аз 132
навбатӣ