УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ҳа-ҳа-ҳа... – хандиданд дигарон.
– Беақл! – латифаашро ҷамъбаст кард ҷавони рафидарўй ва низ қаҳқаҳ зад.
Дар берун авҷи баҳорон буд...
Бемори сивуҳафтсола талх табассум кард.
Ва чашм ба саҳни бемористон – ба дарахтони сабзу рез-рези борони найсон дўхта, дар як ҳисси ҷонсўз аз дил гузаронд, ки вай ҳам бача буд. Дар зодгоҳи вай ҳам филми «Чапаев»-ро чанд шаб намоиш дода буданд. Вай ҳам пас аз он ки кору бори хонаашонро – аз қабили алаф даравидан, об овардан, ҳезум шикастан, мева чидан, каҳ кашондан ва ғайра саранҷом мекард... Ҳар бегоҳ аз падараш ба зориву тавалло пули майда гирифта, тозон ба тамошои филми «Чапаев» мерафт. Падараш ҳайрон шуда, аз вай ҳам пурсида буд:
«Ту он филмро чанд бор мебинӣ?»
«То даме ки Чапаев аз дарё нагузарад», – ба чашмонаш ашк давида, гуфта буд вай ҳам дар ҷавоб.
...Боз ягон латифаи намакин шуниданд магар, ки ҳампалатаҳо баланд хандиданд.
Вай беихтиёр табассум кард; табассуми тунук, беҳол... Дар пушти тирезаи барқад авҷи баҳорон буд. Ба сари сабзи дарахтон борони найсон мерехт.
1987
БОРОН
Донистан мехоҳед, ки барои чӣ вақтҳои охир табъи ман хуш нест? Ва чаро бештар дар банди хаёл мегардам?
Бале, ёфтам – ман зуд фаҳмидам, ки шумо сабаби ҳаминро пурсиданӣ. Лекин чизе нагўед; хомўш будан беҳтар. Чунки дарди диламро худам ҳам намедонам.
Масалан, имрўз...
Чаро ман боз парешонам? Барои чӣ ҳушамро ғундошта наметавонам?
Аҷаб ҳолате дорам. Ба ҳар хел фикрҳо рафта, худ аз худ зиқ мешавам. Эҳтимол шумо бигўед, ки сабабаш маълум – дирўз аз сармуҳаррир гап шунидӣ. Барои аз кор дер мондан, барои тундӣ, гарданшахӣ... Не, тахминатон нодуруст. Сабаби ин дигар аст.
Зеро сардорамон пўстини маро дирўз афшонда буд. Парерўз не, як ҳафта ё як моҳ пеш ҳам не. Аммо мани меҳнатӣ...
Қариб ду моҳ боз дар чунин ҳоли парешонам. Хаёлам, ки ягон чизи бароям бисёр азизро гум кардааму вай худаш чист, ҳеҷ намефаҳмам. Рўзҳои дароз ғарқи андеша мегардам, шабҳо дуруст хоб рафта наметавонам.
Ин саҳар, масалан, чӣ шуд?
Ягон воқиаи фавқулодда рўй надодааст. Лекин табъам хира.
Бегоҳ аз кор баргашта, як пиёла чой нўшидананўшида, фавран ба сари миз нишастам, ки ҳамон мақолаи фармудаашонро (шумо медонед – дар бораи вазъияти ҳаммомҳои шаҳр) ниҳоят шах карда, имрўз ба мудири шўъба супораму гўшам камтар ором гирад.
Вале... ҳарчанд зўр задам, нашуд. Дар пешам санади бисёр, як таҳ коғази сафед, худам танҳо
– касе халал намерасонад, ба дастам қалам…
Дар курсӣ баста мондагӣ барин камаш ду-се соат наҷунбида нишастам. Ҳамин қадар нишастаму ақалан ним саҳифа навишта натавонистам.
Ин мағзи сабил ба ман ҳеҷ итоат намекард.
Ба ҷои ҳаммомҳое ки дар муддати панҷ рўз аз яктааш ба дигараш рафта, дар чӣ аҳвол будани онҳоро ба чашмам дида, гоҳо хурсанд шудаву баъзан ғазабам омада, аз таҳти дил ягон чизи хонданбоб навиштан мехостам...
Аз чӣ бошад, дар пеши назарам фақат мардуму манзараҳои деҳа метофтанд. Деҳаи худамон, зодгоҳам...
Аз барор нагирифтани корам ботинан азоб кашида, масалан, чеҳраи мудири ҳаммоми рақами чор ё нўҳро тасаввур карданӣ мешудам. Лекин… эҳа-а! – ба ҷои онҳо рўи касони дигарро медидам: ягон кампири аз кўдакиам шинос, ягон бачаи шўх, ягон марди бадлафз ё хушгап... Аз ҳама бештар Иноят Шамсиддини чўпонро ба ёд меовардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё