Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз вай хеле дур, дар миёни майдон, модараш бағоят хаста шуда, беихтиёр ғанаб кардааст. Дар пеши пояш як ҷуфт калўши кўҳна. Дастонаш харошида; куртаи чити майдагулаш ҷо-ҷо дарида...
Намеҷунбад – сангро мемонад. Гўё ба ду гесуи сиёҳаш ўро то охири умр дар нофи замин бастаанд. Қурси офтоб бисёр мехоҳад, ки тамоми нурҳояшро ба чеҳраи бетаровати ин зан рехта...
Аз барои кўдак бедораш кунад.
Ба сари майдон як зоғи сиёҳ пар кашида, «қар-қар» овоз медиҳад. Овозаш чунон гўшхарош, ки...
Аз қар-қари зоғи наҳс, ё аз чизи дигар...
дар ҳар сурат зан чашм мекушояд.
– Худам бедарак... хобам бурдааст, – ба оҳанги коҳиш пичирос мезанад ў ва пешдоманро, ки ҳанўз пур нашудааст, дар миёнаш маҳкамтар баста, сараш хам, боз ба кор шурўъ мекунад.
– Нағз, ки хоб аст, – дубора пичирос мезанад ў. – Ҳам ба ман азоб, ҳам ба вай.
Лекин чӣ илоҷ, – бе пул рўз гузарондан мушкил. Имрўз агар шаст кило чинам...
Ҳар килояш панҷ тин. Чанд сўм мешавад?..
Аз ришта-ришта ашки ба гунаҳои зардаш таровида бехабар, дарди устухонҳояшро ба зўри иродат фурў нишонда, зан кўшиш дорад ба қафо, ба сари замин нигоҳ накунад.
Дар он ҷо писарчааш хобидааст... Кош то офтобшинам бедор намешуд!
Вай ба сиву ҳафт қадам мемонд. Дардаш сахт буд ва аз ин боис қариб ду моҳ боз дар бемористон мехобид.
Як рўз, дар ҳолате ки сараш кам-кам чарх зада, дилаш беҳузур мешуд, ба ранги заъфарон дар рўи кат нишаста, аз тирезаи барқад ба саҳни бемористон менигарист.
Ҳампалатаҳо дар атрофи миз гирд омада, чой менўшиданд. Онҳо акнун сиҳат ёфта буданд...
Ва медонистанд, ки фардо ё пасфардо ҳатман ба хонаҳои худ – назди зану фарзандонашон мераванд. Аз ин рў хурсандӣ мекарданд; ҳар гуна латифаҳо гуфта, ба қавле занги дил мебароварданд.
Дар берун авҷи баҳорон буд. Борони найсон меборид...
Вай аз шохаҳои сабзи дарахтон, ки дар саҳни бемористон ба шукўҳ қад кашида, дар дилу дида гўё нуру сафо мебахшиданд, чашм канда наметавонист. Хаёли дардолудаш ба ҳар кўй сар мехалонд; ҳама умеду орзуяшро барбодрафта мепиндошт. Ва қалби пурэҳсосаш афсурда... беихтиёр кўдакии худро пеши назар меовард, – он айёмеро, ки дар паноҳи навозиши модару меҳрубониҳои падар буд.
Аз ғами дунё дар канор мегашт, тани сиҳату дили беғам дошт. Осмон барояш ҳама рўз мусаффо буд, замин дар зери пояш парниёни ҳафтрангро мемонд. Офтоб...
Пайваста ба рўяш механдид. Гўё бачагиаш гулбарге буд, ки дар оғўши боди атрбези баҳорон сабук шино карда, аз сари боғоту талҳои сабз мегузашт.
Ҳоло чӣ?
Сиву ҳафт сол дорад ҳоло! Ва намедонад, ки дар ин бемористони моломол аз бўи дору боз чанд муддат хоб мекунад.
Умуман аз ин ҷо зинда мебарояд ё...
...Ҳампалатаҳо баланд хандиданд. Латифа мегўянд онҳо.
– Як бача ҳар рўз ба тамошои филми «Чапаев» метохтааст, – бори чандум буд, ки ҷавони тахмин биступанҷсолаи рафидарўй боз ба ҳикоят оғоз намуд.
– Хайр? – гуфтанд дигарон.
Ҷавон ба худ қиёфаи ҷиддитар гирифта, суханашро беғам идома дод:
– Падараш аз ин кори ў ҳайрон шуда, пурсидааст: ту он филми пурмағалро чанд бор мебинӣ? То даме ки Чапаев аз дарё зинда нагузарад... гуфтааст бача дар ҷавоб.

пешина
аз 132
навбатӣ