УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Мўйсафед дар тамоми ҳайаташ ба як аломати суол табдил ёфта буд. Вай гўё дар таҳайюр аз худ мепурсид: инаш чӣ менавохта бошад?
Ҷавонмард дар бадали ду-се дақиқа думбураро ба ҷўр оварду чашмонаш нур гирифта, ба навохтани оҳанге шурўъ намуд, ки аз зери ангуштони борики ў сабук, форам ва чун рўдҳо дар баҳорон пурхурўш мерехт. Оҳиста-оҳиста ба рагу паяш гармӣ давида ва мафтуни ҷавонмард шуда, муйсафед дар дил мегуфт: аҷаб нағмаи шўх, аммо... ҳам шиносу ҳам не, ҳам ба мисли дунё куҳану ҳам нав.
Кадом оҳанг аст вай, аз куҷост?
Овози думбура дам ба дам муассир мегардид ва мўйсафедро аз ин бозори сермағал ба рўи болҳои худ гирифта, то даштҳои сабзу лолазорон мебурд; ба он ёнаву ёлаҳое мебурд, ки рўзи дароз ҷуфт ронда, аз бўи замини бедор сер намешуд.
Ба фарози кўҳҳои баланд низ мебурд ва дар он ҷо аз абрҳои пахтавор сафеди мулоим барои вай болин сохта, суруди гарми муҳаббат мехонд...
Мўйсафед дид, ки дар назди ҷавонмард панҷ-шаш нафари дигар ҷамъ омадаанду аз навои сурурангези думбура ҳаловат бурда, ба завқ калла меҷунбонанд. Зардина ва Ҷингиламўй ҳам, чеҳраҳо кушода, ба чанги серҳаракати ҷавонмард, ки мўи дарозашро боди сард парешон мекард, дар шавқи зиёда чашм дўхтаанд. Ва боз... аҷаб, ки қурси офтоб – гўё маҳз ба ҳурмати инсони думбуранавоз – аз кодоки абре мулоим ба саҳни бозор менигарад.
«Дасташ дард набинад, мисли Саидакрам менавохтааст, худи набераам...»
Ў дар ҳаяҷон бархост.
Пас аз фурсате ҷавонмард нағмаи оғознамудаашро ба анҷом расонда, думбураро нарм дар ҷояш гузошту ба қиёфаи мўйсафед, ки лабонаш моили табассум буданд, дар эҳтиром назар андохт.
– Ташаккур, падар.
– Умрат дароз шавад, додар!
Мўйсафед ба вай асбоби дуюмро дароз кард. Ҷавонмард ҳам чизе нагуфта, онро ба даст гирифт.
...Нолаи думбура мавҷзанон ба чор тараф паҳн шуда, бисёр касонро аз раҳ бозмедошт ва ҳатто дар растаҳои наздик қисме аз одамонро, ки ҳар гуна мева ё сабзавот мефурўхтанд, гўё афсун намуда, як-як, ду-ду ба сўи худ мекашид.
«Не-е, ин ҷавонмард аз Саидакрами ман боло», – мегуфт дар дил мўйсафед, ба оҳанги вазнине ки аз торҳои соз парвозӣ мешуд, мусаххар гўш дода.
Офтоб боз дар пушти абрҳои тира монда буд. Шамол сахттар вазида, бўи барфро меовард. Анбўҳи мардум дар гирди ҷавонмард, ки ҳамчунон менавохт, торафт афзун мегардид; гоҳ-гоҳе нидои таҳсину офарин шунида мешуд.
Мўйсафед аз болои сари одамон ба канори осмони абрнок чашм медўхт. Вале дар он ҷо ба назараш осмон не, балки як биёбони беҳадду ҳудуди тафсон метофт, ки пур аз реги равон буд. Дар он паҳнои бераҳм ҷавони ғарибе, ҳушу ёдаш ба хони ватан, афтону хезон масофа мепаймуд.
Танҳо... пояш бараҳна, бемадор, жўлидамўй. Вай хуб медонад, ки ба дидори ёру диёр намерасад. Бо вуҷуди ин аз дарди ғарибӣ нолаҳо карда, дар банди азоб қадам мезанад...
Садои думбура фурў нишаст.
Мўйсафед акнун ба ҷои биёбон издиҳоми мардумро медид, ки дар ҷунбиш омада, мегуфт:
– Бар падарат раҳмат!
– Ҳунарманд будаӣ...
– Кам нашав, писар!
– Аз дилу ҷигар мегирифтаӣ...
– Кошкӣ боз ягон чиз менавохт!
– Ана дасту панҷа...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё