УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

барои наберааш сози муносиб сохтааст!
Дар рўбарўи вай боз ҳамон ду нафар пайдо шуданд.
– Ку бигир, мўйсафед, як навохта бинам,
– гуфт ҷавони зардина, ба олатҳо ишора намуда.
Магнитафони ҷавони ҷингиламўй, ки дар паҳлуи шарикаш лоқайд меистод, баланд мехонд:
Занҷири сари зулфи ту маҷнунам кард, Нодидани рўи ту ҷигархунам кард.
Ногаҳ назарам фитод бар холи лабат, Холи лаби ту зи шаҳр берунам кард...
Мўйсафед нахустин асбоби ба дасташ омадаро бардошт ва Зардина онро зуд ба оғўш гирифт. Ҳоло қатраҳои сарди борон дигар ба рўи кас намерасиданд. Вале осмон ҳамчунон абролуд буд. Шамол зўртар шуда, ба доману гиребони мардуми дар рафтуо печ мехўрд.
– Паст кун, – гуфт Зардина, ба ҳамроҳаш нигариста.
Баъде ки Ҷингиламўй овози магнитафонро фуровард, вай он думбураро тавонам-натавонам каме навохту:
– Маза надорад, афсўс, – гўён ба мўйсафед баргардонд ва сози дигарро гирифта, аз сари нав ба «тинг-тинг»-и гўшхарош шурўъ намуд.
Ин дам чашми мўйсафед нохост ба як ҷавонмарди нозукандом афтид, ки дар даст тўрхалта, назди Ҷингиламўй истода, ба думбура задани Зардина зеҳн мемонд.
Қади баланди химча дошт ў. Дар тўрхалтааш чор дона – аз чӣ бошад, ки мўйсафед ҳатто шумурд, – фақат чор дона себ буд! Ранги рўяш пухта, мўяш сип-сиёҳи дароз – он қадар дароз, ки пушти гиребони борониашро пурра пинҳон мекард. Куртааш сурхи назаррабо, пиҷакаш кабуд; гарданбанди ҳафтрангаш тиру камонро мемонд. Саропо равшанӣ буд вай, аммо нигоҳаш... Мўйсафед, дилаш андак таҳ кашида, пай бурд, ки ба нигоҳи якгуна ором, баҳаё ва бисёр ғамноки ў на ҳар кас метавонад тоб орад.
– Ақалан овозаш мебуд, – гуфт Зардина.
– Афсўс мехўрӣ? – пурсид мўйсафед.
– Не-е, – гуфт Зардина.
– Ту худат аз кадом манзилӣ? – боз пурсид мўйсафед.
– Аз Ховалинг, – гуфт Зардина ба лабханд ва думбураро гашта дар ҷояш монду кафи дастонашро мағрур совид.
– Дурўғ...
– Барои чӣ дурўғ мезадаам?
– Барои он ки ягон ховалингӣ ранги ту беҳунар не...
– Ин думбураҳо соз ҷўр нашаванд, гуноҳи ман?
–
...Ховалингӣ, кўдакаш бошад ҳам, каму беш менавозад. Ту боз шарм надошта, аз Ховалинг мегўӣ...
– Биё, муйсафед, сергапӣ накарда, дуруст фаҳмон: чанд сўм мехоҳӣ?
– Ман ба ту хас намефурўшам, бачам.
Ҷингиламўй овози магнитафонашро баландтар кард.
Ҷингилак мўй дорӣ, Нозанин гулворӣ.
Садқаи номат шавам, Номи ширин дорӣ...
Хандааш омада, мўйсафед лаб газид.
– Дувоздаҳ сўм бас аст? – пурсид Зардина.
– Не, – гуфт мўйсафед.
– Хайр, ана... понздаҳ сўм.
– Тавба...
– Нархаш аз понздаҳ сўм як тин зиёд не.
– Рав ба раҳат, бачам.
– Розӣ шав...
Зардина инро гуфтан баробар ҷавонмард, ки то ҳол ба сукут рафта, ноҷунбон меистод, дар як ҳаракати тез тўрхалтаашро ба дасти Ҷингиламўй қапонда, рў ба мўйсафед овард.
– Ман барои харидан пул надорам.
Лекин... агар иҷозат диҳед, ягон чиз менавозам.
Мўйсафед дар ризоият сар ҷунбонд.
Ва ҷавонмард яке аз думбураҳоро гирифта, ба Зардина чашм давонд.
– Ку бинем, айб дар соз аст, ё дар худи ту... Зардина гўшашро ба карӣ зад.
Ҷингиламўй, дар чеҳрааш ифодаҳои кунҷковии тамасхуромез падид омада, магнитафонро хомўш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё