Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Балки боз чанд соли дигар меваҳои хушрангу балаззат медодам!
...Шўх аст писараки ҳамсоя. Чобук ва бераҳм аст. Мабодо ки хоҳаронамро низ ба ҳоли ман андозад...
Гашти мошинҳо тамоман қатъ гардид. Акнун одамон ҳам наменамоянд.
Ман дар рўи асфалт як муддат беҳаракат хобида, то кунун зинда будаам магар, ки андак хунук хўрдам.
Баъд...
Дар тан камзўли норанҷиву дар китф ҷорўби дароз, фаррошзане пайдо шуда, кўчаро тоза рўфт. Ва аз байни ҳар гуна партобидаи дар гўшае ҷамъкардааш ману нисфи ман – ўро зуд шинохтам! – ва мо барин шоху навда ва чўбу чахсҳои шикастаро дар як халтаи чиркин андохта, ба хонааш бурд.
...Субҳ медамид.
Занаки фаррош аввал хуб дастурўй шуста, сипас дар айвон суфра паҳн кард.
Орд бехт, хамир гирифт.
Ва ниҳоят…
Хокистари танўрро кашида, аз ману нисфи ман ва дигар чўбу чахси ҳамроҳ овардааш пешдаргирон сохта, гўгирд зад.
Вақте ки мо дар миёни чўбчаҳои хушк дуд карда месўхтем, модари зебо, бисёр ҷавон ва дар пушти тирезаи писараки шўху падари шикамғафси вай танҳомондаи худро як лаҳза пеши назар оварда, дар дил мегуфтем, – Хайрият... дар болои асфалт гард-гард нашуда, ҳоло барои тафсидани ана ин танўр, заррае бошад ҳам, ҳисса мегузорем.
То ки фаррошзан нон пухта, фарзандонашро сер кунад...
Дар байни забонаҳои оташ печутоб хўрда, боз мегуфтем – чӣ хуш, ки ҳоло дар як дам сўхта, оқибат ба хокистар табдил меёбем.
Ва шояд рўзе,
Баъд аз сад ё ҳазор сол...
Дар сурати гули хандон, сабзаи тар ё ниҳолаки баумеди гелос дубора аз қалби хок сар мекашем!
1985
САРФАИ САРИ ОТАШДОН
Зани ҷавони миёнақад, ки дар тан хилъати сурхи баланд дорад, мўи қиргунаш ба сари китф парешон, камари андак ғафсаш дар ҳалқаи танги тасма, ба шитоб аз ошхона баргашта, мехохад боқимонда асбоби рўи мизро ғундорад.
Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, табақчаи бамавиз, қанддон... Ду писарак, синну солашон на бештар аз шаш-ҳафт, каме дуртар дар болои қолини баоҳар нишаста, чормағз меғелонанд, хушнуданд, ба тавре бозӣ мекунанд. Ваҷоҳати зан гирифта метобад. Усмаи абрувони хеле дароз – аз ин рў як қадар хунук – ва зиёда сурмаи чашмонаш низ наметавонанд табъи носози ўро, ки эҳтимол аз чизе, ё аз касе сахт ранҷидааст, бартараф созанд.
Равшан ба назар мерасад, ки ин манзили иборат аз се хонаи пурҷиҳозро нағз таъмир кардаанд. Ва яқин ба қарибӣ... Ҳама озода, батартиб. Ҷевони баланди оинабанд саршор аз зарфҳои гаронбаҳо. Дар пешгаҳ, мақомашон нимдоира, дивани фарох, ду креслои ба вай ҳамранг ва дар мобайни онҳо мизи пастаки хушҷило гузоштаанд, ки дар болояш гулдони калони булўрин аз анвори қандили низ булўрини шифти меҳмонхона гўё ҷон мегирад. Вале гул надорад гулдон; ғариб аст, холист...
Зан дар гирди дастархон тоб хўрда, як курсиро қадре тела дода, акнун ба табақчаи мавиз даст бурдан мехост, ки ба гўшаш садои занги дар нишаст. Шояд аз тарс... вай ҳамон лаҳза ҷуссаашро аз канори миз қафо кашида, чӣ тарзе қаҳролуд буд, бедимоғ зарда мерезад:
–Боз суммоти киро медида бошам?
Тавба, нафас рост кардан намемонанд!
Ва ба итоб рафта, азбаски даҳлез нимторик аст, чароғро дармегиронад.

пешина
аз 132
навбатӣ