УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Лекин хоҳаронам... Рўзи сахт доштанд онҳо!
Писарак баъзан чашми мўйсафедро хато карда, паллаи тирезаро мекушоду ба як сими ғафси нўкаш баргашта шохчаеро ба тарафи худ кашида, меваҳои бо вуҷуди андак сурх будан... ҳанўз хоми онро канда-канда, ҳарисона ба даҳон мебурд.
Ва мешуд, ки пирамард вақте асозанон аз пеши модарам мегузашт, сар бардошта, ба мо менигарист.
Ба диққат менигаристу…
Аз ҷониби тирезаи ҳамсоя кам гардидани меваамонро дида, дар ҳайрат китф барҳам мекашид. Аз шоху баргҳои модарам чашм наканда, фурсате ноҷунбон меистод. Ва баъд...
Асо ба даст, оҳиста қадам мепартофт.
Ё ба хонааш медаромад, ё кўча мерафт...
Ҳоламро хароб карданд мошинҳо! Ягонта баргам намонд. Гоҳо танамро ба асфалт совида, гоҳи дигар нарасида, аммо дар чанги шамоли худ маро ба ҳар сў афканда, чун сел басуръат мегузаранд онҳо. Инак дар зери чархи мошинҳову пойафзори одамон луччак шудам, хору забун гардидам. Ва ана, дар мобайни ин кўчаи калон лоилоҷам...
...Ниҳоят навбати ман ҳам расид.
Писарак ба сими ғафси нўкаш баргашта боз қадре сим илова карда, ин саҳар онро чобук ба гарданам андохту…
Сахт кашид.
Вале ман ба ҷои хамбидан ҳамоно шикастам, ба замин афтидам.
Модарам…
Модаракам «о-оҳ!» – гуфта, такон хўрд, дар худ ларзид. Сахт ларзид...
Ман дар сояи ў ҳайрон мехобидам.
Дастам ба дасташ намерасид. Бечора модарам низ илоҷи хам шуда, ҷисми афгори маро бардоштан надошт.
Хоҳаронам бесадо ва талх мегиристанд.
Пас аз фурсате писарак, дар катфаш китобдон, тохта аз хона баромаду мани музтарро аз пеши пои модаракам чанг зада гирифт ва панҷ дона меваамро раҳораҳ хўрда, худамро дар ин ҷо партофт.
Партофту аз болоям сабук ҷаҳида, ҳуштаккашон ба мактаб рафт...
Боз чархи мошин! Бадтар маҷақ карда, дарди миёнамро афзуд. Аз ҳам ҷудо мешавам, ҷудо!
...Писарак рафту ман дар миёни ин раҳи васеъ тани танҳо мондам.
Офтоб месўзондам, мошинҳо пахшам мекарданд, одамон пешпо мезаданд...
То ҳол дар чунин вазъам.
Офтоб нишасту пои одамон канда намешавад. Гашти мошинҳо қатъ намегардад.
Шўх аст писараки ҳамсоя. Ба илова бераҳм ва ҳарис аст... Э вой! Мурдам – аз ҳам ҷудо шудам! Мошини дигаре даршаст аз болоям гузашту маро ду ҳис карда, нисфамро ба канори роҳ афканд. Аз модари меҳрубонам, аз хоҳарони мушфиқам дур афтида, оқибат аз худ низ бегона гардидам.
...Шаб фаро расид. Чароғҳои сари кўча якбора даргирифта, атрофро равшан карданд.
Азоби ман ҳад надорад. Чунон ки буд... аз болоям гоҳ мошин мегузарад, гоҳ одам. Ё калонаш, ё хурдтараш; ё вазнинаш, ё сабуктараш.
Одаму мошин...
Мошину одам!
Ин дам эҳтимол модарам дар пушти тирезаи бинои чорошёна дарун-дарун месўзад. Модарам, модаракам...
Хоҳаронам чӣ?
Боз як мошин гузашта, дар шамоли худ маро аз ҷоям лағжонд. Нағз, ки пахш накард...
Нисфи ман дар он канори раҳ чӣ ҳол дорад? Вай ҳам дар асфалти сиёҳ совиш хўрда, зор-зор менолад? Торафт маҷақ мешавад?
Бале!
Тақдири мо ҳамин будааст.
Лекин афсўс, ки ҳосиламро пазонда, коми пирамарди пояш маҷрўҳу чеҳрааш ҳамеша равшанро ширин карда натавонистам.
Ман, охир...
Агар дар бари модарам мебудам, Агар дар паноҳи хоҳаронам мемондам, На танҳо имсол...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё