Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Ту Раҳматовро мешиносӣ ё не? Ман гуфтам:
-Бале, мешиносам, бисёр одами хуб аст, бисёр доно, бисёр суҳбати аҷиб дорад. Устод гуфтанд:
-Ман шуморо ба суҳбати ӯ мебарам, то бо ӯ аз наздик шинос шавед ва минбаъд рафтуомад дошта бошед.
Хонаи Раҳматов дур набудааст, дар ақиби як ҳамом буд. Чун омадем ба хонаи эшон, ба хонаи Иброҳим Раҳматов дастархон ороста аст, аммо ғайр аз домулло Маъсумӣ дигар меҳмон нест. Нишасти хоссаи домулло Маъсумӣ бо Раҳматов буд. Ҳар ду хеле суҳбат карданд. Ман ин гуна суҳбатҳоро надида будам. Шеър мегуфтанд дар байни суҳбатҳо, як байт-як байт, ҳар ҷо-ҳар ҷо суруд хонданд. Чанд суруд хонданд ҳама классикӣ, ба ман бисёр маъқул шуд. Баъд ин сурудҳоро чандин бор дар маҳфилҳову нишастҳои дигар хонданд ва ба ҳама маъқул буд. Ҳамеша аз эшон мехостанд, ки дар нишастҳо сурудҳои худро бихонанд. Ва мехонданду мо гӯш мекардем. Лекин он шаб бори аввал гӯш кардани ин сурудҳо боиси хуб, хушгувору хуш гузаштани ин нишасти аввалини мо гардид ва хотироти неке аз ин шиносоӣ бардошта будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё