Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ман гуфта буд, ки ту бо ман бо забони тоҷикӣ гап зан, ки ман донишҷӯи факултаи шарқшиносӣ ҳастам, бароям лозим аст, ки сухани бештар шунавам. Лекин худи Эргаш Рустамов, ки он қадар тоҷикӣ гап зада наметавонист бо ман русӣ ҳарф мезад. Ҳамин қарорро аз аввал бо ман дар миён гузошта буд:

-Ман бо ту русӣ гап мезанам, ту бо ман тоҷикӣ ҳарф бизан. Албатта розӣ шудам. Ҳамон рӯз, ки дар кӯча қадам зада рафта истода будем, оҳиста-оҳиста ба Эргаш Рустамов чизе мегуфтам, мо чӣ суҳбате доштем. Масъала чӣ масъалае буд, ки ман ногаҳон баланд-баланд сухан кардам. Як шахсе аз чойхона давида баромаду омад пеши мо ва гуфт:

-Нима тоҷикчалаб ҷикилайсан? Ҷикиллама!

Эргаш чизе гуфт ба вай, ки вай боз ҳам шӯрида қариб аз гиребони Эргаш гирифт. Ман ба ӯ гуфтам:

-Бародар, бигзораш, рафтем. Мо ба роҳамон равон
шудем. Дигар суҳбатамонро давом дода
натавонистем. Сухани он узбек, ки:”Тоҷикчалаб
ҷикиллама, нима ҷикилайсан?”- мегӯяд, бисёр ба
ман алам кард. Дар Тоҷикистони мо дар он солҳо,
ки банда донишҷӯ ва аспирант будам, албатта аз ин
ҳарфҳо каме буд: Ин кас тоҷик, ин кас узбек мегуфтем.

пешина
аз 117
навбатӣ