Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Не, не.-маҷбур он касро шинонданду Самарқанд фиристонданд. Самарқанд меоянд, “қирғиз” шуда меоянд, ки дар Самарқанд ҳеҷ гап не. Ҳеҷ кас пешвоз ҳам нагирифтааст. Маҷлис-паҷлис ҳам не.
Баъд, хайр Душанбе меоянд. Баъд мо шиштему инро, ки ҳикоя карданд домулло Осимӣ. Баъд гуфтем, ки шуморо ҳамон ҷо рафтанатон, домулло Осимӣ, нодуруст шуда будааст. Агар ҳамон рӯз, ки бо шогирдам гап мезанам, гуфта бо иштиҳо рафтед, агар шогирдатон шуморо қабул мекард, панҷ дақиқа бо шумо суҳбат мекард, даррав хабар мерафт ба Тошканд, ки ана ҳамон устодаш, ҳамон касе будааст, ки соли 1990 он қадар шӯр афканд.
Ҳамон устодаш қатӣ хуб суҳбат кард. Тамом.
Ҳамин хабар, ки рафт ба Тошканд, ин шогирдатонро аз кор мегирифтанд. Бинобар ин вай нахостааст, ки шуморо бинад. Нахостааст, ки бо шумо суҳбат кунад. Вайро аз гуноҳаш гузаштан даркор. Кораш нодуруст не. Шумо аз вай хафа нашавед,-гуфтем. Баъд домулло Осимӣ андак ором шуданд. Бо ҳамин қиссаи ҷашни Инқилоби Бухоро ба охир расид ба фикрам.

Дар мавриди ин ҷашн мавод ба фикрам чоп
нашудааст. Ин ҳайати Тоҷикистон гашта ки
омаданд, дар рӯзномаҳо навиштанд. Дар рӯзномаҳо
хабарҳои муфассал чоп шуд. Маърӯзаи ман, ки
маърӯза карда будам дар сессияи солонаи Айнӣ чоп шуд.

пешина
аз 117
навбатӣ