Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

пештар гузарад!! Намояндаи Тоҷикистон якум маърӯза бикунад!! Намояндаи Узбекистони бузург дуюм маърӯза бикунад!! Бинобар ин ин тавр барномаро тағйир доданд.
Бе маслиҳат, ки аз ин маслиҳат Осимӣ хабар надоштааст. Аҳли толор, онҳое, ки он ҷо ҷамъ шуда буданд, хабар надоштанд. Хелеҳо аз ин кор, аз барҳам задани барнома, аз он, ки ба ҷои Осимӣ Содиқов маърӯза кард, огоҳ нашуданд. Маҷлис ба охир расид ва як консерт доданд. Консерти якҷояи ҳунарпешагони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ. Вале намояндагони Тоҷикистон хеле ғамгин буданд. Мо омада-омада дар ҷашни ҳазораи Ибни Сино натавонистем бигӯем, ки Сино тоҷик аст, фарзанди халқи тоҷик буд ва ин ҳамеша боиси сарафкандагии мо дар назди форсизабонон, хусусан эрониён гашта буд. Норозигии мардуми тоҷик, ранҷидагии онҳо дар ҷашни Ибни Сино ҳамеша бармало намоён буд, чунки аз аввал то охир сохтакорӣ, назарфиребӣ дар тамоми ин ҷашн ҳукмрон шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё