Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳикояти ҷашни 70-умин солгарди Инқилоби Бухоро
Тахминан нимаҳои даҳаи 70-уми қарни 20 буд, ки як рӯз ман ба Институти забон ва адабиёт ба кор мерафтам. Дар қарибиҳои институт як кас маро нигаҳ дошту гуфт, ки:
-Ман ба шумо як гап дорам, ки бояд бигӯям. Агар имкон дошта бошед, ҳозир ман гӯям, гӯш кунед.
Ман гуфтам:
-Хайр, марҳамат.

Як одами тахминан 45-47 сола буд, муаллими кадом ноҳия будааст, муаллими мактаби миёна.
Гуфт, ки:

-Соли гузашта ман бо як муаллими дигари ҳамон мактабамон ба курорти Кавказ рафтем. Ё Кисловодский ё чи буд, кадом курортро ном гирифт, ки ба ин курорт барои дам гирифтан, барои муолиҷа рафтем.

Он ҷо қоида ҳамин буд, ки чун пешин ба ошхона хурокхурӣ мерафтем, дар паҳлуи ошхона як дукони винофурӯшӣ буд. Мардум, ки барои хурок мебиёянд, аввал дар навбат истода, қатор шуда мераванд, то пеши ин дукон. Як истакон майи ноб мезананд, баъд медароянд ба ошхона. Ҳамин тур навбат истода омада истода будем, ки мегӯяд:
бинем пеш аз мо Моленков истодааст. Моленков он вақтҳо акнун дигар бознишаставу хонанишин буду кор намекард. Ба муолиҷа омада будааст. Чун Моленков моро дид, ки дар сар туппӣ доштем, гуфт, ки:

-“Что, узбеки, да”? Мо гуфтем, ки:

-“Нет, таджики”.

-Ҳа-гуфт-агар тоҷик бошед, гапи манро гӯш кунед ва ҳеҷ вақт фаромӯш накунед. Гӯш кунед, ман ба шумо чӣ мегӯям.

пешина
аз 117
навбатӣ