Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зиёиёни Маскав, нависандаҳо, кормандони тиб ва ҳоказо омада буданд. Аз рӯи барномаи маҷлис, ки дар дасти мо дода буданд, маълум буд, ки бояд ду маърӯза бишунавем. Яке маърӯзаи Осимӣ, дигаре маърӯзаи Содиқов. Албатта аввал сухани ифтитоҳияи раиси кумитаи марказии ҷашни Ибни Сино академик фалониро гӯш кардем, ки раиси маҷлис худи ӯ буд, худи раиси кумитаи марказии ҷашн. Баъд аз он сар кард ба эълон кардани маърӯзаи якум. Гуфт:

-Сухан дода мешавад ба Президенти Академияи илмҳои...

Чун инро мегуфт, Осимӣ ба по шуд.
Коғазҳояшро гирифта, ба сӯи ҷойгоҳи сухан рафтан гирифт. Аммо раиси маҷлис, Осимиро ном нагирифт, балки Содиқовро ном гирифт:

-Сухан дода мешавад ба Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон Содиқов –гуфт.

Осимӣ ба якбора истод. Бисёр бо қаҳру хашм
ба ҷои худ баргашт ва он коғазҳоеро, ки дар даст
дошт, сахт ба рӯи миз партофт ва чиҳое гуфтан
гирифт. Навбати маърӯза аз Осимӣ буд, мувофиқи
барномаҳое, ки дар дасти мо ҳаст, аммо навбатро ба
Содиқов доданд. Навбати Осимӣ дуюм шуд. Ҳеҷ
мумкин нест, ки Тоҷикистон аз Узбекистони бузург

пешина
аз 117
навбатӣ