Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Тамоми он музей бо мақсади ҳамин гуна назарфиребӣ сохта шуда буд.
Ҷашни Ибни Сино дар шаҳри Душанбе, Тошканд ва Бухоро, дар ҳар кадоми ин шаҳрҳо ҷудогона таҷлил шуд ва бисёр муҳташам буд. Ин ҷашн дар ҳашмат метавон гуфт, назир надошт.
Тантанаи ҷашн дар Маскав ба охир расид. Дар Маскав як маҷлиси бузург ташкил шуд. Лекин дар ин маҷлис сарварони шӯравии Маскав дар ҳаққи Тоҷикистон ва мардуми тоҷик боз як хиёнат карданд, ки ин ҷо гуфтанист. Воқеа ин тавр рӯй дод.
Маҷлиси бузурге барои таҷлили Ибни Сино ва ҳазораи ӯ дар “Колонний зал дома союзов”, (“Толори чилсутуни хонаи иттиҳодияҳо”), ки бисёр толори муҳташаме дар маркази Маскав буд, баргузор шуд. Дар саҳна, яъне дар ҳайати раёсати ин маҷлис котиби Кумитаи Марказии ҳизби Коммунисти Шӯравӣ Пономарёв ва дар атрофи ӯ раиси кумитаи марказии ҷашни Ибни Сино академик, он академик, ки номашро фаромӯш кардаам ва аз як тараф Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ва аз тарафи дигар дар канор, Президенти Академияи илмҳои Узбекистон Содиқов нишаста буданд.
Толор пур аз одам буд. Асосан намояндагони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё