Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Узбекистон ун гуфтаи Айниро аз эътибор соқит карда, худашон олим шуда, дониста, як қишлоқи дигарро зодгоҳи Ибни Сино қарор додаанд, ки дар ин қишлоқ аҳолӣ имрӯз ҳама узбек будааст.
Гуфтем:

  • Хайр, аҳолии он ҷо имрӯз узбек будааст, магар дар асри 10 ҳам узбек буд? Шояд дар асри 10 на танҳо узбек, балки умуман турк дар он ҷойҳо набуд. Дар он деҳае, ки зодгоҳ қарор додаанд, биноҳо сохтаанд, музей сохтаанд. Дар музей, бисёр шеърҳои Ибни Синоро ба узбекӣ тарҷума карда, хеле зебо чоп карда, ба девор овехтаанд. Лекин нагуфтаанд, ки ин тарҷумаи кист? Тарҷума аз кадом забон аст? Аз арабӣ ё тоҷикӣ аст? Ба забони узбекӣ чоп кардаанду мондаанд, то ин ки мардуми сода, мардуми ноогоҳ бовар кунанд, ки Ибни Сино узбек будааст. Ҳатто дидем, ки узбекҳои ҳамон атроф гумон кардаанд, ки Ибни Сино ба узбекӣ навишта буд, ба забони узбекӣ шеър гуфта буд. Ин буд, гуфтем, ки:

-На, ин тарҷума аст, тарҷума аз тоҷикӣ. Тоҷикияш ин аст ва тоҷикияшро хондем. Мегӯянд:

-На, агар тарҷума буд, мегуфтанд. Нагуфтааст, ки тарҷума аст.

пешина
аз 117
навбатӣ