Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекунам, лекин ба забони тоҷикӣ. Гумон кардааст,
ки дар Бухоро ҳам агар ба забони тоҷикӣ гап занад,
мардум хурсанд мешаванд. Раиси маҷлис гуфтааст, ки:

-Ба забони тоҷикӣ мумкин не. Ба русӣ ё ба узбекӣ.
Иржи Бечка боз навиштааст, ки:

-Ман ба забони Ибни Сино мехоҳам сухан бикунам, дар рӯзи ҷашни Ибни Сино, яъне, ба забони тоҷикӣ.

Оқибат ба Иржи Бечка сухан надоданд.
Имкон надоданд, ки суханронӣ кунад. Хеле зиқ шуд. Хеле қаҳраш омад. Чун ба танаффус баромадем, ман ҳеҷ вақт Иржи Бечкаро ин қадар хашмин, қаҳролуд надида будам. Ӯ бисёр шахси ҳалиму нарм буд. Аммо он вақт дидам, ки бисёр хашмаш омадааст. Хост, ки ҳамон рӯз ба тарафи Маскав ё Душанбе равон шавад, лекин гуфтанд, ки имкон нест. Дар ин вақти дӯлобии ҷашн ҳавопаймо надорем.

Ҳамин тариқ якумин ҷаласаи ҷашни Ибни
Сино дар Бухоро баргузор шуд. Хуб он буд, ки ҳар
чӣ ҳам бошад, он дӯстони югославии мо андак
сухани тоҷикиро ба гӯши мардум расонданд. Ба
забони худи Ибни Сино сухан карданд. Дар Бухоро
ба забони тоҷикӣ суханронӣ карданд. Бисёр кори

пешина
аз 117
навбатӣ