Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Не-не русӣ. Ё узбекӣ ё русӣ. Онҳо хуб гуфтанд. Он одам боз тап-тапкунон, чарх зада, саҳнаро аз он канораш фуромаду ба ҷояш нишаст. Аммо маърӯзачиёни югославии мо кори аҷиб карданд.
Боз якумӣ ба англисӣ мехонд, дуюмӣ тарҷумаро ба тоҷикӣ мехонд ва баъд ба русӣ тарҷума мекард.
Аммо чун матни русӣ, ки пешакӣ омода набуд ва тайёрӣ надошт, бо азоби бисёре дафъатан тарҷума мекард. Вақтро бисёр мегирифт. Оқибат раиси маҷлис ин маърӯзаро қатъ кард ва гуфт:
-Инҳо омодаи маърӯза кардан набудаанд.
Маърӯзаҳо дар шакли китоб чоп мешаванд ва ҳамон вақт матни маърӯзаро мехонед.
Маърӯзачиёни югославии мо маърӯзаашонро нимкола гузошта нишастанд. Ман ҳам дар саҳна нишаста будам, қатори меҳмонҳо. Дидам, ки бисёр хиҷолат кашида буданд.
Дар он нишаст шарқшиноси машҳури Чехословакия Иржи Бечка ҳам буд. Иржи Бечка ҳар сол ба Тоҷикистон як бор меомад. Ҳар ҷо равад, ба тоҷикӣ сухан меронду суханрониҳои вай ба ҳама маъқул буд ва бисёр ҳурматаш мекарданд.
Халқамон ӯро бисёр ҳурмат мекарданд. Ӯ медонист, ки ҳар куҷо тоҷикӣ гап занад, маъқул мешавад. Одамҳо хурсанд мешаванд. Ба раиси маҷлис хатча фиристодааст, ки ман ҳам маърӯза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё