Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар Душанбе аз Югославия ду нафар, ду ҷавон омада буданд, ки маърӯза карда буданд.
Ҳамонҳо, ҳамон ду нафар ба Бухоро омадаанд ва сухан гирифтанд барои маърӯза. Ҳар дуяшон як маърӯзаро мехонанд, чунон, ки дар Душанбе карда буданд. Яъне, яке як ҷумла, ду-се ҷумларо ба англисӣ мехонад, дувумӣ ҳамин ду-се ҷумларо ба тоҷикӣ тарҷума мекунад ва тарҷумаи тоҷикияшро мехонад. Ба ҳамин тарз маърӯза оғоз карданд, ин намояндагони Югославия.

Ногаҳон шахсе аз толор ба саҳна баромад ва тамоми саҳнаро бо садои баланди по давр зада, ба пеши маърӯзачиён омад ва ба гӯши онҳо чизе гуфт.
Мо нафаҳмидем. Онҳо “харашо-харашо” гуфтанд.
Он кас боз ҳамон тавр тап-тап карда, тамоми саҳнаро давр зада, омада аз он канор нишаст.
Маърӯзачиён маърӯзаи худро давом доданд. Яъне боз яке ба англисӣ чанд ҷумла мехонд ва дигарӣ ба тоҷикӣ тарҷумаи онро мегуфт. Он касе, ки аз поин ба саҳна баромада, ба онҳо гӯшакӣ карда буд, дубора ба саҳна баромад. Боз саҳнаро давр зада, ба пеши маърӯзачиён омад ва ин дафъа бо овози баланд, ки аз микрофон мо ҳам шунидем, гуфт:

-“На русском языке нужно”. Ба русӣ гап занед, ба тоҷикӣ лозим нест. Ба русӣ гап занед, ба русӣ маърӯза кунед. Онҳо чизе гуфтанд, ки ин боз гуфт:

пешина
аз 117
навбатӣ