Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок доштанд. Бо чанд ҳавопаймо ҳайати бузурге бояд ба Бухоро мерафтанд. Аз ҷумла маро гуфтанд, ки:
-Ту ҳам меравӣ. Ман гуфтам:
-Наравам, беҳтар аст.
-На, гуфтанд, ки ту ҳамшаҳрии Ибни Сино ҳастӣ, бояд биравӣ ва он ҷо иштирок дошта бошӣ!
Вақте ба Бухоро расидем, дидем, ки меҳмони бисёре аллакай омадаст. Меҳмони хориҷӣ аз ҳар қитъаи дунё. Пас аз омада расидани мо, боз омаданд. Гурӯҳе аз Тошканд, аз Маскав, меҳмонони хориҷӣ омаданд, меҳмононе аз ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ омаданд. Ҳамин қадар меҳмон бисёр шуд, ки ба фикрам дар Узбекистон ҳеҷ вақт ин қадар хориҷӣ ҷамъ нашуда бошад. Дар Бухоро хориҷиён доим зиёданд, дар солҳои шӯравӣ турист шуда хеле бисёр меомаданд, аммо ин қадарашро ҳеҷ кас надида буд. Якум дар Бухоро ҷаласаи аввал баргузор шуд. Дар як толори бузург.
Тамоми меҳмонҳо гунҷиданд. Боз ҷойи холӣ монд, мардуми худи Бухоро ҳам омаданд. Сарвазири Узбекистон раиси кумитаи ҷашн дар Узбекистон будаст. Бинобар ин раисии маҷлисро низ ӯ ба уҳда дошт. Дар ин ҷаласа воқеаҳои аҷибе рӯй дод, ки наметавонам нагӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё