Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Асарҳои илмии шумо, ки сесад ҳазор-чорсад ҳазор дар Узбекистони бузург чоп мешаванд, ба дасти баъзе касони хосса, мутахассисон меафтанд, аммо оммаи халқатон он асарҳои шуморо намехонанд.
Вале, оммаи халқатон, масалан, маҷаллаи “Гулистон”-ро мехонанд, ки алъон дар Тоҷикистон дар ҳамин рӯзҳо, дар Душанбе фурӯхта истодаанд.
Тиражаш якуним милион нусха аст ва он ҷо аз аввал то охир гуфта шудааст, ки: “Ибни Сино олими узбек аст. Ибни Сино табиби узбек аст” ва ҳоказо. Ва ҳатто “узбек қизи Ситора”. Дар замоне, ки мафҳуми узбек ҳанӯз вуҷуд надошт, Ситораро духтари узбек гуфтаанд.

Ин аст, ки мо мебинем, мехонем. Халқ мебинад, мехонад. Дар ин бора чизе гуфтан лозим буд ё не?

Меҳмонони узбек чизе нагуфтанд. Ба дача омада расидем. Эшонро ба манзилашон гузоштем ва худамон баргаштем. Расул Ҳодизода ва Маниёзов бандаро сарзаниш мекарданд, ки меҳмонҳоро ранҷондед.

Конфронси бузурги Душанбе ду ё се рӯз
давом кард ва ба охир расид. Аз рӯйи барномаи
ҷашнӣ бояд ҳама акнун ба Бухоро мерафтем. Ҳам
меҳмононе, ки аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ омадаанд,
ҳам меҳмонони хориҷӣ ва ҳам онҳое, ки аз

пешина
аз 117
навбатӣ