Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пантуркизми баъдӣ, ки дар қарни бист ҳукмрон буду монандӣ дорад, матраҳ шуд. Ба ҳар ҳол ин раванд пантуркизм номбар шуд. Ҷаласаи рӯзи якум ба охир расид. Профессор Расулхон Ҳодизода, банда, Маниёзов меҳмонони Узбекистонро то дачаи ҳукуматӣ, ки онҳо он ҷо зист доштанд, мушояат кардем.

Чун мерафтем, яке аз он меҳмонҳо, ки
Абдуллоев ном дошту арабшинос буд, чизе гуфт.

Ман фаҳмидам, ки даррав болои гапро андова кардан хостанд, ки:

Ҳа, вай- гуфт. Маҷбур шуду гуфт. Ман дар бораи мавзӯи имрӯзаи маҷлис сухан кушодам:

  • Бинед, дар Узбекистон ҳама ҷо менависанд, ки Ибни Сино фарзанди халқи узбек аст. Ҳаминро ошкоро менависанд. Он навиштаҳо чоп шуда, ба Тоҷикистон меоянд. Яке аз он олимони узбек, ки узви ҳайати Узбекистон буд, гуфт, ки:

-Мо олимон намегӯем. Мо Ибни Синоро узбек нагуфтаем. Асарҳои мо сесад ҳазор- чорсад ҳазор чоп мешавад, он ҷо дар ҳама ҷо ё тоҷик гуфта шудааст, ё ин ки на тоҷик, на узбек. Масъалаи миллияти Ибни Сино дахл нашудааст.

Ман посух додам:

пешина
аз 117
навбатӣ