Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

ба забони тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ба забони тоҷикӣ китоб навиштааст. Масъала бисёр равшан аст ва дар ин бора бисёр навиштанд. Бо вуҷуди ин, қарори ҷашн ҳамин буд, ки Ибни Синоро на тоҷик мегуфтанд, на узбек, балки олими барҷастаи асрҳои миёна. Лекин ин қарор дар Тоҷикистон иҷро мешуд, тамом. Танҳо мо маҷбур будем ин қарорро иҷро кунем. Аммо дар Узбекистон касе парвои ин қарорро надошт. Ҳама ӯро узбек менавиштанд.
Менавиштанд, ки Ибни Сино олими халқи узбек аст ва ҳол он, ки дар асри 10-11 калимаи “узбек” ҳанӯз вуҷуд надошт. Чун нияти баргузории ҷашн шуд, ҷашни ҳазора, ҷашни бузург, бояд ин ҷашн сабабгори он мешуд, ки баъзе фаҳмишҳои нодуруст ислоҳ шавад. Баъзе ҷиҳатҳои норавшани ҳаёту эҷодиёти Ибни Сино, ки заррае нишонаи узбакӣ надошт, маълум шавад.
Ҷашн шурӯъ шуд. Ба Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе меҳмонони бисёре омаданд. Аз ҳама ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравӣ, аз хориҷ, аз Маскав, аз ҷумҳуриҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ. Ҳамин қадар меҳмон омад, ки Душанбе пури меҳмон, пури аҳли ҷашн буд.
Конфронси калоне шуд ва маърӯзаҳои калону хурд хонда шуданд. Дар рӯзи якуми конфронс, дар баъзе маърӯзаҳо, аз ҷумла дар маърӯзаи банда, робитаҳои баъзе рӯйдодҳое, ки дар ҳаёти Ибни Сино буд, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё