Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аҷиб аст, ки ҳеҷ муяссар намешавад, аммо он ҷо тасодуфан, агарчи андак буд, агарчи беаввалу беохир, нотамом буд ва ҳоказо, ба ҳар ҳол буд.

Меҳмононро рӯзи дигар аз шаҳр берун бурданд. Автобусҳои калони бисёре қатор андар қатор омада, он қадар меҳмони бисёрро дар худ гунҷонда, ба сӯи Вобканд равон шуданд. Дар қарибиҳои Вобканд ҷое истодем. Мошинҳоро нигоҳ доштанд. Гуфтанд, ки:

  • Фуруд оед, фуруд омадем.

Як боғи бисёр бузург буд. Дар ин боғ мизи бисёре, курсии бисёре гузоштаанду дастархон оростаанд. Гуфтанд, ки:

  • Бифармоед, сари ин дастархон бинишинед.
    Нишастем. Ман бо Ҷалол Икромӣ будам. Дар мошин бо Икромӣ ҳамроҳ омада будем, лекин вақте ки аз мошин фуромадем, ман Икромиро гум кардам. Ҳамин қадар нигоҳ кардам, ёфта натавонистам. Баъд худам як ҷое нишастаму як ҷои дигар дар паҳлуям холӣ нигоҳ доштам, барои Икромӣ. Пас аз лаҳзае Икромӣ давон-давон омаданду гуфтанд:

-Ин ҷо холӣ? Ман гуфтам:

-Бале.

пешина
аз 117
навбатӣ