Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Албатта бисёр касон умед надоштанд, ки банда ин қадар зуд аз уҳдааш бароям.
Ҳикояти тарҷумаи китоби “Тоҷикистон” Аз корҳое, ки бо кумаки Иброҳимҷон-ака анҷом дода будам, боз яке ба ёдам омад, ки бисёр ибратомӯз аст. Соли 1953 бандаро лозим омад, ки барои навиштани рисолаи номзадӣ ба Маскав биравам. Барои ин сафар андак пул даркор шуд.
Пуле бошад, ки ҳам барои хонаводаам монда равам, ҳам бо худ бибарам. Вале пуле надоштам, ҳайрон монда будам, ки биравам ё наравам?
Пеши Иброҳим Раҳматов рафтам ва илтимос кардам, ки дар ин масъала кумаке кунад. Раҳматов фикр карданд, фикр карданд, коғазҳояшонро диданду гуфтанд, ки:
-Як китоби публисистӣ ҳаст, бояд ҳатман тарҷума кунем. Агар ба ту маъқул шавад, китоби Лукнитский “Тоҷикистон”-ро гирифта тарҷума кун.
Китоби “Тоҷикистон” буд, асари
Лукнитский, ки дар Маскав чоп шудааст, ҳатто дар
Чехословакия тарҷума ва чоп шуда буд.
Мо шартнома имзо кардем бо нашриёт, ки
ман дигар корҳоро як тараф монда, ин китобро
тарҷума кунам. Ин китоб калон буд, хеле бошитоб
тарҷума мекардам. Лекин дар баъзе ҷойҳо
шубҳанок менамуд. Масалан, ӯ Тоҷикистонро
тасвир мекунад ба таври нимбадеӣ ва
нимпублисистӣ, муваффақиятҳои замони шӯравиро
бисёр таъриф мекунад, ки боке нест албатта, мо ба
инҳо одат карда будем. Дар баъзе ҷойҳои китоб
омада буд, ки солҳои сиюми қарни бистум олими
рус дар Тоҷикистон фалон гиёҳро ё фалон чиро
ёфта, хусусиятҳои онро муайян кардааст. Масалан,
гиёҳҳое, ки хусусияти дармонӣ доранд, аз онҳо
дору, даво сохтан мумкин аст. Инҳоро ин олими
рус тасвир карда, дар китобаш муфассал баён
намуда, чоп кард. Гӯё ба ҳамин тарз он гиёҳро ин
олими рус ба олами илм дохил намуд, ки то ин вақт
ба ҳеҷ кас маълум набуд ва ҳоказо. Ин гуна
мисолҳо, ки кашфиёти олимони русро нишон
медиҳад, хеле бисёр буд ва ҳамаро Лукнитский,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё