Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

муаллифи китоби “Тоҷикистон” як-як зикр карда буд.
Вақте ки ман инҳоро тарҷума мекардам, дар дилам як шубҳа пайдо шуд. Шубҳа ин буд, ҳамон гиёҳеро, ки олими рус кашф намуду тавсиф кард ва Лукнитский дар китобаш баён намуду чоп кард, албатта барои илм хидмати хуб кардааст, аз ҳар ҷиҳат кори бисёр хуб кардааст. Аммо ҷойи шубҳа ин буд, ки аз куҷо медонем, ки ҳамин гиёҳ то ин вақт кашф нашуда буд? Ҳеҷ кас намедонисту истифода намекард, аз куҷо медонем? Агар ин гиёҳ хусусиятҳои дармонӣ, доруйӣ дошта бошад, аз вай доруҳо сохтан мумкин бошад... Мо медонем, ки мардуми мо дар гузашта, доруву давоҳои худро аз гиёҳҳо месохтанд, пас, чаро дар вақти гиёҳсозиҳо, дар вақти ҷустуҷӯйҳои илмии пешгузаштагони мо ин гиёҳ кашф нашуд ва истифода нагардид? Аз куҷо медонем, ки ин гап, ки ин гиёҳ акнун кашф шуд, акнун маълум шуд, ки чӣ хусусиятҳо дорад, то куҷо дуруст аст? Аслан ин гап он қадар ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин бора ҳатман як санҷиши комил лозим аст. Китобҳои қадимро дидан даркор, масалан, осори Ибни Синоро дидан даркор аст.
Ҳама доруҳое, ки Ибни Сино мефармуд, месохт аз гиёҳҳову ҷисмҳои кӯҳистони худамон, аз гиёҳҳои дашту биёбону гулистону боғистону аз ҳамин сарзамини худамон гирифта шудаанд. Китоби ӯро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё