Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

шуд, лекин худи ду ҷилди аввал, ҷилди якум ва дуюм алоҳида. Бо маслиҳати Брагинский ба сафари Маскав омодагӣ гирифтам.
Охири баҳор, аввали тобистон ба Маскав рафтам. Августи соли 1954 кор мекардам. Кор кардан лозим буд. Ба зудии зуд ин диссертарсия дар мошинка мошиннавис шуд дар Маскав дар идораи рӯзномаи “Известия”. Азбаски онҳо кори дигар ҳам надоранд, ин мошиннависро маъқул дониста буданд, ки ҳимоя кунам. Рисола мошиннавис шуд. Рафиқон хонданд, гузашт ва банда бекор нанишастам. Дар ин муддат тарҷумаи Рудинро шурӯъ кардам, лекин дар байн баъзе корҳои дигар баромад. Масалан автореферати дисертатсияи доктории Брагинскийро ба тоҷикӣ тарҷума кардан лозим шуд барои маҷаллаи “Садои Шарқ”. Ман ба уҳда гирифтам. Агарчи саъй кардам, ки зуд анҷом бидиҳам, аммо бештар корҳои майда-чуйдаи бисёре буд, ки ҳамеша иҷро кардан лозим меомад. Дар ин байн Рудин ҳам кам-кам пеш мерафт ва дар ниҳоят тарҷумааш ба охир расид.
Рисолаам ҳам омода шуда буд, вале соли 1955 пешниҳод шуд ба Шӯрои илмӣ. Дар як сол навиштанашро ба поён расонидам. Ба ҳимоя пешниҳод кардам, балки ҳимоя ҳам карда, ҳама корҳоямро анҷом дода, ба Душанбе баргаштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё