Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз маҷлиси 29-12-1952 баъзеҳо бандаро таблиғгари иртиҷоиён медонистанд. Брагинский ба ман тасалло дода гуфтанд:

-Ғами бекор шудани рисолаатро нахур. Хоҳиш карданд, ки ман зуд мавзӯи дигаре бигирам ва рисолаи дигаре бинависам ва ба ҳимоя гузорам.
Гуфтанд:

-Як бор рисолаи номзадӣ навиштаӣ, дуюм рисолаи номзадиро навиштан осонтар мешавад. Зуд менависӣ, зуд ҳимоя мекунӣ.

Домулло Брагинский Иосиф Самойлович бисёр пофишорӣ карданд, ки зуд мавзӯи нав бигирам ва барои як сол ба Маскав биёям. Дар Маскав рисола бинависам ва ҳамон ҷо дифоъ кунам. Таъкид мекарданд ва мегуфтанд:

-Ин корро ҳатман анҷом бидеҳ. Ин кори туро ман худам кумак мекунам, ки хуб анҷом шавад. Агар Маскав биёӣ, он ҷо фақат ба навиштани рисола машғул мешавӣ, бо навиштани рисола корат зудтар анҷом меёбад.

Ин маслиҳатро қабул кардам ва бо маслиҳати
домулло Брагинский аз эҷодиёти устод Айнӣ
навиштани рисолаамро шурӯъ кардам. Он солҳо ду
ҷилди “Ёддоштҳо”-и Айнӣ, ҷилди якум ва дуюм аз
чоп баромада буд. Ҳарчи ҷилди сеюм ҳам пайдо

пешина
аз 117
навбатӣ