Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

кашиданд ва ғолиб омаданд. Вале сабаб чӣ буд, ки Ғафуров, ки дар аввал Асирию Аҷзию Айнию инҳоро шоирони пешқадам, шоирони пешбари тоҷик дар ду даҳаи аввали садаи бист ҳисоб мекард, омада-омада ба гапи Абдулғанӣ Мирзоев даромаду Аҷзиро иртиҷоӣ эълон намуд? Ба фикри ман сабабаш ин буд, ки модоме ки як адабиётшиноси шинохта бисёр пофишорӣ бар ин кард, ки Аҷзӣ иртиҷоист, мумкин набуд Ғафуров сухани Абдулғанӣ Мирзоевро қабул накунад. Агар қабул намекард ё андак қабули онро кашол медод, хавфе буд, ки хабари ин моҷаро ба Маскав равад ва онҳо бигӯянд, ки Ғафуров паноҳи шоирони иртиҷоӣ шудааст, шоирони иртиҷоиро ҳимоя мекунад, ҳарфи адабиётшиносони имрӯзаи шӯравиро қабул надорад. Худо накарда чунин хабаре ба Маскав мерафт, умуман аз майдони илму сиёсат ӯро берун мекарданд. Ӯро бисёр азоб медоданд. Ғафуров ночор буд назарияи Абдулғанӣ Мирзоевро ин, ки ҳама фаҳманд, то Аҷзӣ иртиҷоист, қабул кунад, барои он, ки ҳабс нашавад, душмани халқ эълон нашавад ва кушта нашавад. Он замонҳо чунин иттифоқҳо зиёд буданд. Аксари рӯшанфикронро бо ҷурмҳои гуногун ҳабс мекарданд. Масалан, мо он вақтҳо Раҳимбоевро душмани халқ ҳисоб мекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё