Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

писарам таваллуд шуда буд, писари дуюмам Анвар.
Ҳанӯз дар таваллудхона буд. Шод будам, ки Худо боз писар дод. Худоро шукр мегуфтам, агарчи рисолаи номзадиро аз дасти ман рабуданд, аммо Худованд ӯро умр диҳад, аз давлат бархурдор дорад. Худованд аз ин камина як чизро бигирад, ба ҷояш як чизи дигар медиҳад, ки албатта ҷои шукр аст.
Моҷарое, ки домулло Мирзоев бар сари масъалаи Аҷзӣ бардоштанд, мақсади ҳалли як масъалаи муҳимми илмиро надошт, балки бештар ғаразҳои шахсиро доро буданд. Он маҷлисе, ки барпо гардид, шурӯъ шуда буд, мақсадаш ғайр аз саркӯб кардани якдигар ягон ҳадафи дигар надошт.
Банда борҳо таъкид кардаам, ки дар солҳои 1950 се нафар адабиётшинос доштем, ки яке аз онҳо домулло Абдулғанӣ Мирзоев буд. Ҳар се ҳанӯз ҷавон, вале душмани якдигар ҳисоб мешуданд, аз якдигар айб меҷустанд. Муборизаи байни ин се нафар рӯз ба рӯз шадидтар мешуд. Баҳси Аҷзӣ барои домулло Абдулғанӣ Мирзоев дастак шуд, барои саркӯб кардани Мирзозода, ки раҳбари банда буданд. Як шоири иртиҷоӣ, ки албатта дар ин моҷаро ӯро қасдан манфӣ муаррифӣ карданд, баҳонаи хубе буд барои сиёҳ кардани рақиб ва он кас бо кумаки Бобоҷон Ғафуров ва Кумитаи Марказӣ ин баҳсро хеле моҳирона ба майдон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё