Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кардед. Чаро ин тур шуд? Чаро гапи мо рад шуду гапи эшон бе ҳеҷ сабаб, бе ҳеҷ шарҳу эзоҳ қабул шуд?
Он кас гуфтанд:
-Бачам, ту намедонӣ, ин Иброҳим Раҳматов бухороӣ. Аз Бухорост. Забонро медонад, аз онҳо пурсупос карда, бояд сабаб наҷӯем. Ҳар чӣ гӯяд, қабул кун.
-Ман ҳам бухороӣ ҳастам, аз Бухоро ҳастам. Чаро ҳама гапи маро рад мекунед?
Дастнависро пӯшонданду ин дафтарро боз рӯи ҳамин дастнависҳо монда гуфтанд:
-Бибар ба хонаатон. Ман дигар ба инҳо кор надорам, намебинам ҳам. Бигзор бо ислоҳу вироиши ту ба чоп равад. Ҳар чӣ онҳо мегӯянд, қабул кардан лозим.
Ман ин дафтари эродҳоро бо худ бурдам. Дар ҳақиқат дигар эрод надошт. Хуб дида будам.

Ҳикояти Муҳаммадҷон Раҳимӣ Муҳаммадҷон Раҳимӣ соли 1901 ба дунё омадааст. Падари вай як бенаво, бебизоат будаст.
Чун қандфурӯшӣ мекардааст, ӯро Раҳими Қанд мегуфтаанд. Устод Айнӣ дар достони “Марги судхӯр” Раҳими Қандро андак ба тафсил тасвир кардаанд, ки ин достони устод Айнӣ соли 1930 чоп ҳам шудааст.
Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз аввали солҳои 30- юми қарни бист гӯё дар Ленинград дар як Институти молия мехондааст. Он вақт он ҷо як зани рус гирифт, лекин чун таҳсилро ба поён расонид ва ба Душанбе омад, танҳо омад, занашро

пешина
аз 117
навбатӣ