Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ки раияти Афғонистон бишавам ва ҳоказо...

  • Чӣ гӯям? Расман гуноҳе надоштам, ки гунаҳкор кунанд. Навишта буданд, ки "1. Встречался с людьми сомнительной репутации. 2. Не владеет языком дари. 3. Политически не грамотен".

Одами шубҳанокашон Аҳмад Зоҳир, забони дарӣ - надонистани забони модариам, маҳдудияти сиёсиям бошад, аз тарғиби илму фарҳанг ва дӯстӣ бармеомад".

Пӯшида нест, ки мақомоти амниятии шӯравӣ он солҳо болои роҳбарияти онвақтаи Афғонистон нуфузи калон дошт. Вақте, ки шаҳрванди худро барои робита барқарор карданаш бо Аҳмад Зоҳир аз Афғонистон даъват мекунанд, пас бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир ба мақомоти давлати онвақтаи Афғонистон тавсияномаҳое ҳам додаанд. Дар ин ҷо як савол ба миён меояд. Барои чӣ мақомоти шӯравиҳо аз Аҳмад Зоҳир эҳсоси хатар мекарданд. Ҷавоб як аст. Аҳмад Зоҳир ба ҷавонҳои ҳамонвақтаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ, алалхусус минтақаи тоҷикнишини он таъсири беандоза калон дошт. Аҳмад Зоҳир дар рушди забони тоҷикӣ ва боло гирифтани рӯҳияи худшиносии миллӣ ва истиқлоталабии мардуми ин минтақа хизмати беандоза бузурге карда буд ва боз дар оянда метавонист аз ин бештар кунад. Ана ҳамин нукта боиси ташвиши мақомоти амниятии шӯравиҳо шуда буд.

Баъди чопи силсиланавиштаҳоям дар ҳафтаномаи
"Чархи гардун" (№№2-18, 2003) дар бораи Аҳмад Зоҳир
нафарҳои зиёде фикру ақидаи худро оид ба куштори овозхони маҳбуб изҳор доштанд. Нуқтаи назарҳо хеле гуногун буданд. Буданд афроде, ки Аҳмад Зоҳирро қурбонии

пешина
аз 338
навбатӣ