Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

оҳанге, ки сохт Аҳмад Зоҳир пеш аз маргуш, оҳангест, ки "Худо бувад ёрет", ки ира барои нафарҳое, ки муҷоҳиддине, ки у вақт мерафтанд барои ҷанг ира Аҳмад Зоҳир хонд. Аввалин хондани буд, ки ба телевизиуни Афғонистон худаш ба хушии худ хонд". Дар омади гап ба хотири риояи адолат бояд қайд кард, ки Зоҳира, аппаи Аҳмад Зоҳир ва собиқ садобардори радиои Кобул Валӣ Ашпарӣ бар ин назаранд, ки варианти дигари ин тарона — "Худо бувад ҳамроҳет"-ро Аҳмад Зоҳир барои фарзандаш Ришод сурудааст.

Суруди "Аҷаб сабре Худо дорад"-ро, ки матнаш аз шоири муосири эронӣ Раҳими Муъинии Кирмоншоҳӣ мебошад, метавон суруде номид, ки дар он Аҳмад Зоҳир рӯи рост, бепарда мегӯяд, ки дар ҷомеаи онҳо зулму беадолатӣ ҳукмфармо аст. Ва агар ӯ ба ҷои Парвардигори Олам мебуд, тамоми ин ҷаҳонро барои ин зулму беадолатиҳояш вожгун месохт:

Аҷаб сабре Худо дорад,
Агар ман ҷои ӯ будам,
Ҳамон як лаҳзаи аввал
Ки аввал зулмро медидам,
Аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Барои якдигар вайрона мекардам!
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна,
Чанд базми гарму айшу нӯш мебинам!
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам,
Бар лаби паймона мекардам!
Ки медидам яке урёну ларзон,
Дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин.
Замину осмонро вожгун мастона мекардам!

пешина
аз 338
навбатӣ