Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ном дорад, шаҳреро, ки дар он зиндагӣ мекард, "ошёнаи шайтон" меномад.

Оҳ, ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсон,
Донам, ки ин ҷазо на осон аст,
Шаҳри ману ту тифлаки ширинам,
Дерест к - ошёнаи шайтон аст.

Ба болои ҳамаи ин бадбахтиҳое, ки дар кишвар сар мезаданд, ӯ мебинад, ки дар ҷомеа низ гурӯҳе, ки ҳукуматро дар даст доранд, на ба қадри ҳунар мерасанду на ҳунармандро қадр медонанд. Дар зоҳир онҳо тарафдори озодиву озодагӣ ҳастанд. Вале дар асл ба қавли Аҳмад Зоҳир "аз чунин озодагӣ кунҷи зиндон беҳтар" аст. Ӯ аз ин зиндагӣ ноумед мешавад. Ба доғи номуродӣ месӯзад:

Ба доғи номуродӣ сӯхтам, эй ашк тӯфоне!
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, эй марг ҷавлоне!
Дар ин мактаб намедонам чӣ рамзи маҳмилам, ё раб?
Ки не маъқӣ шудам, не номаву не зеби унвоне.

Аз ин озодагӣ беҳтар бувад сад раҳ ба чашми ман, Садои шевани занҷиру қайди кунҷи зиндоне!

Гуноҳам чист? Гардунам чаро озурда медорад?
Аз ин косагадо дигар чӣ ҷустам ҷуз лаби ноне?

Аҳмад Зоҳир дар ҳамин давраи барои Ватанаш мушкил дар таронаҳояш дар ҷустуҷӯи пайдо кардани роҳи наҷоти он аз ин варта мешавад. Ӯ дар ҷустуҷӯи найистонест,

пешина
аз 338
навбатӣ