Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Лола хуни дил нӯшад, настаран кафан пӯшад,
Сахт мотамангез аст, сайри бӯстон бе ту.
Шишаҳо ҳама холӣ, созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб, базми ошиқон бе ту.
Чӣ тавре ки мебинем, порчаҳои назмии болоӣ аз дохили сурудҳои Аҳмад Зоҳир интихоб шудаанд. Вале қитъаи шеърии зеринро бошад, журналисти хушсалиқа Салими Аюбзод, ки мақбараи Аҳмад Зоҳирро солҳои 80-уми асри гузашта зиёрат кардааст, моли худи Аҳмад Зоҳир медонад:
Дар ин равоқ суруду тарона мемонад,
Садои ошиқи ман ошиқона мемонад.
Ҷаҳон пур аст зи оҳанги ошиқонаи ман,
Фақат садост, ки андар замона мемонад.
БАНДАГӢ ГАР ШАРТ БОШАД,
ЗИНДАГӢ ДАРКОР НЕСТ
Агарчӣ кушандаи Аҳмад Зоҳир маълум шуда бошад ҳам, вале саволи асосӣ — кӣ аз қотил дархости куштани Аҳмад Зоҳирро карда буд ва барои чӣ Аҳмад Зоҳирро ба қатл расонданд, ҳанӯз ҳам ноҷавоб мондааст. Тавре маълум, ҳукумати вақти Афғонистон, ки дар раъси он Нурмуҳаммади Таракӣ буд ва Ҳафибуллоҳ Амин муовини аввали ӯ ба ҳисоб мерафт, марги Аҳмад Зоҳирро ҳодисаи фоҷиавӣ эълон карданд. Табиист, ки бо ин баҳона ҳукумат масъулияти тафтишоти ин ҳодисаро ҳамчун як куштор аз гардани худ соқит карда буд. Воқеан, то ба имрӯз дар робита бо қатли Аҳмад Зоҳир парвандаи ҷиноие боз нашудааст. Албатта, ин бесабаб нест. Қабл аз ҳама, чӣ тавре ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё