Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Вале Ориф, ки инчунин бо лақаби Олимёри Ҷиду (яъне дзюдочӣ) дар олами ҷиной машҳур буд, ӯро дашномҳои қабеҳ дода лату кӯб менамояд ва сипас ба мошини худ савор шуда аз ҷои ҷиноят ғайб мезанад.

Ин ҳодисаи мудҳиш соати даҳуними қабл аз зӯҳри рӯзи чоршанбеи 23 ҷавзои соли 1358 ҳиҷрии хуршедӣ баробар ба 14 июни соли 1979 мелодӣ ба вуқӯъ пайваст.

МЕРАСАНД АЗ РАҲ,
КИ ДАР ХОКАМ НИҲАНД

Ҷасади Аҳмад Зоҳирро аввал ба шифохонаи Чоряк-кор мебаранд. Бо навиштаи Раззоқи Момун сардухтури шифохонаи вилоятии Парвон марҳум Шариф Усмонӣ баъди муоинаи ҷасади Аҳмад Зоҳир, аниқтараш, сари ӯ, дар баёноти худ ба мақомоти тафтишотӣ менависад, ки марги овозхон на ба иллати тирпарронӣ, балки ба сабаби ба даруни сари ӯ ба андозаи 5-6 сантиметр ворид шудани оҳани борике фаро расидааст. Ба гуфтаи Усмонӣ агар тир ба сари Аҳмад Зоҳир асобат мекард, ҳатман аз паси кала берун мешуду захме бар ҷой мегузошт. Вале паси каллаи Аҳмад Зоҳир, ба гуфти ӯ, осебе надидааст. Ҷасади Аҳмад Зоҳирро тақрибан соатҳои 5-и баъд аз зӯҳр ба Кобул мебаранд.

Маҳбубуллоҳ дар баёноти нахустинаш ба мақомоти ҳифзи қонун воқеаро тавре, ки дида буд, ҳисса мекунад. Вале баъди чанде худи ҳамон рӯз Маҳбубуллоҳ мазмуни баёноташро тағйир медиҳад. Ӯ акнун менависад, ки мошини онҳо ба садама дучор шуд ва ҳангоми бархурди мошин ба кӯҳсанге сими шишаи ақибнамо пешонии Аҳмад Зоҳирро сӯрох кард, ки мунҷар ба марги ӯ гардид. Мақомоти

пешина
аз 338
навбатӣ