Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

расмии Ҳукумати Афғонистон низ аз тариқи радио ва телевизион ва дигар расонаҳои хабарӣ ба мардум эълон карданд, ки "Овозхони маҳбуб Аҳмад Зоҳир бар асари як ҳодисаи трафикии (автомобилӣ) ба ҳалокат расид".

Ҳамин гуна баёнотро Шаҳноз ва Шакило, ки шоҳидони аслии воқеа буданд, низ медиҳанд. Ба гуфтаи Самади Дор-Дор ин духтарон зери фишори мақомоти амниятӣ бо хотири озод кардани падари худ аз зиндон дар ин ҷиноят шарик шуданд. Тахминан баъди 10-15 рӯзи воқеа Маҳбубуллоҳ ва он духтарон аз Кобул ғайб мезананд. Хонмуҳаммади пурзафурӯш аз зиндон озод мешавад. Моликияти мусодиранамудаашро ҳукумат пас мегардонад. Ба қавли шоир ва оҳангсоз Сафиуллоҳи Субот, як дӯсти дигари Аҳмад Зоҳир, Маҳбубуллоҳ ва он духтаронро мақомоти амниятӣ аз Афғонистон мегурезонанд, то мардум аз асли воқеа хабардор нашаванд.

Ва аммо мардуми Афғонистон худи ҳамон рӯз хабар ёфт, ки Аҳмад Зоҳир хонандаи беҳтарини кишвар ба қатл расидааст. Вале касе ҷуръат намекард, ки инро ошкоро бигӯяд. Самади Дор-Дор ба ёд меорад: "Вақте ман ҷасади Аҳмад Зоҳирро дидам, фарёд задам, ки чаро дурӯғ мегӯед, охир ӯро куштаанд! Бубинед, дар пешониаш захми тир аст ва ана бинед, он аз паси каллаш баромадааст. Ӯро паррондаанд. Худи ҳамон замон маро аз назди ҷасади Аҳмад Зоҳир дур карданд ва гуфтанд, ки агар ором нашавам, маро ба полис хоҳанд дод". Сафиуллоҳ Субот низ шоҳидӣ медиҳад, ки паси сари Аҳмад Зоҳир сӯрох шуда буд. Ӯро ҳатман парронда буданд, - мегӯяд ӯ. Қариб, ки ҳама медонистанд, ки Аҳмад Зоҳирро куштаанд, вале касе, ҳатто аз наздиконаш, ҷсорати онро надошт, ки инро ошкоро эълон

пешина
аз 338
навбатӣ