Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Зоҳир аст аз занаш Холида. Бо қавли Самади Дор-Дор Аҳмад Зоҳир аз Холида боз як духтари дигар низ доштааст, ки вафот кардааст. Ба саволи он ки чаро аз Холида фарзанд доштани Аҳмад Зоҳирро наздикон ва ҳатто муҳаққиқон мекуӯшанд нодида бигиранд, Самад посух дод, ки чун никоҳ иҷборӣ буд ва волидайни Аҳмад Зоҳир ҳам ба ин издивоҷ чандон розӣ набуданд, Аҳмад Зоҳир ва дӯстонаш тарҷеҳ медоданд дар ин бора камтар ҳарф бизананд. Вале Ёсир Баҳор дар ҳақиқат фарзанди Аҳмад Зоҳир аст. Аз ин холи бари чашм ва тарҳи рӯяш гувоҳӣ медиҳанд. Аҳмад Зоҳир ҳам чунин нишонаҳоро дошт, - мегӯяд Самади Дор-Дор.
Суханони Самади Дор-Дорро Муҳаммадрафиқи Хушнуд - раиси раёсати омӯзиши мусиқии Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, Раззоқи Момун, нависанда ва Шоҳмаҳмуди Наврӯзӣ, яке аз оҳангсозони муосири афғон тасдиқ намуданд.
Вале ҳамсӯҳбатони ман аз посухи як савол, пас Ёсир Баҳор дар тарбияи кӣ ба воя расидааст, ҳамагӣ худдорӣ намуданд ва гуфтанд баъдан ин масъала низ худ ба худ рӯшан хоҳад шуд. Пеш аз он, ки дар бораи завҷаи сеюми Аҳмад Зоҳир Фаҳрия ҳарф бизанем, хонандаи гиромӣ, мехостам шуморо аз мавҷудияти як нуқтаи назари дигаре дар барои сабабҳои зиндонӣ шудани Аҳмад Зоҳир огоҳ созам. Бале, аксари наздикони овозхон ва пажӯҳишгарон бар ин ақидаанд, ки сабаби ба маҳбас кашида шудани Аҳмад Зоҳир танҳо ҳамин куштори Холида аст. Вале иддаи дигаре бар онанд, ки дар зиндонӣ шудани Аҳмад Зоҳир дар ин даврони ҳукумати Муҳаммад Довуд омилҳои дигаре низ вуҷуд доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё