Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

МАН НАГӮЯМ, КИ МАРО
АЗ ҚАФАС ОЗОД КУНЕД

Агарчӣ табодулоти давлатии Муҳаммад Довудро ӯ бо рӯҳбаландӣ пазируфта бошад ҳам, вале баъдҳо аз чӣ сабаб бошад, ки дилаш аз сиёсати Довуд хунук мешавад ва дар баъзе консертҳои маҳфилии худ ӯро мазаммат ва ҳатто масхара мекунад. Ин чизҳо дар баъзе кассетаҳои консертҳои маҳфилиаш то ба замони мо низ омада расидаанд.
Масалан, дар як маҳфиле бо овози баланд "Довуди хар"
мегӯяд. Вақте ба ӯ мегӯянд, ки чаро ин тур мегӯй? Посух медиҳад, ки ман дӯсти худамро мегӯям ва ба сӯи дӯсти қаринаш Довуд ишора мекунад. Дар ҷои дигар овози худро ба тарзи гапзании Муҳаммад Довуд монанд карда, яъне ба ӯ тақлид карда, суханҳое мегӯяд, ки боиси хандаву истеҳзои маҳфилин мешаванд. Албатта мазмуни ин гуна маҳфилҳо наметавонист аз назари ҷусусони Муҳаммад Довуд дур бимонад. Чӣ боис шудааст, ки Аҳмад Зоҳир бо Муҳаммад Довуд чунин муносибат дошта бошад?

Баъзеҳо боваранд, ки чунин рафтори Аҳмад Зоҳир аз
шеваи муносибати Муҳаммад Довуд бо падари овозхон
доктор Абдузоҳир маншаъ мегирад. Доктор Абдузоҳир
дақиқан аз моҳи июни соли 1971 то охирҳои соли 1972
Садри Аъзами Афғонистон буд. Чанд моҳ қабл аз табодулоти давлатии Муҳаммад Довуд ӯ ба истеъфо рафта
буд. Тибқи ақидае марҳум доктор Абдузоҳир интизор буд,
ки Муҳаммад Довуд ӯро ба сиёсати бузург бармегардонад. Вале ин тавр нашуд ва шояд яке аз сабабҳои дилхунукӣ

пешина
аз 338
навбатӣ