Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
даст надоштани Аҳмад Зоҳир ва ёронаш дар ин қатл исбот мешавад. Баъдан маълум мешавад, ки Холидаро нафаре бо исми Ҳашматхон, шавҳари Хубон ном як дугонааш ба қатл расонда будааст. Бо гуфтаи бархе аз муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир гӯё Ҳашматхон Холидаро барои ба хиёнати оилавӣ даст задани завҷааш муқассир дониста ба қатл мерасонад. Дар бораи аз Холида фарзанд доштан ва ё надоштани Аҳмад Зоҳир ҳам фикрҳо мухталифанд. Бархе ба ин ақидаанд, ки Аҳмад Зоҳир аз Холида фарзанд надошт. Сари ин ақида, махсусан собиқ ҳамсарони Аҳмад Зоҳир Ноҷия ва Фахрия пофишорӣ мекунанд. Табиист, ки фарзандони онҳо Ришод ва Шабнам низ дар чунин фикранд. Сафиуллоҳ Субот, шоир, оҳангсоз ва дӯсти Аҳмад Зоҳир низ тарафдори он аст, ки овозхон аз Холида фарзанд надошт. Вале соли 2003 дар Кобул Самади Дор-Дор ҷавонеро бо номи Аҳмад Ёсир Баҳор фарзанди Аҳмад Зоҳир аз Холида эълон мекунад. Чеҳраи Аҳмад Ёсир Баҳор дар ҳақиқат шабеҳи симои Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ низ овозхонӣ мекунад ва бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро ба репертуари худ дохил кардааст. Соли 2004 Аҳмад Ёсир Баҳорро дар Хуҷанд ва Душанбе ҳамчун овозхон ва фарзанди Аҳмад Зоҳир гарм истиқбол намуданд. Ӯ дар ин шаҳрҳо чанд концерт намоиш дод. Устод Ҷӯрабек Муродов, овозхони машҳури Тоҷикистон дар концерти дар Хуҷанд намоиш додаи Ёсир Баҳор ӯро таблиғу ташвиқ кард ва ҳамчун фарзанди Аҳмад Зоҳир муаррифӣ намуд.
Ҳангоми сафари навбатиам ба Кобул соли 2004 ман аз дӯстону наздикони Аҳмад Зоҳир дар бораи Ёсир Баҳор пурсон шудам. Дӯсти наздиктарини Аҳмад Зоҳир Самади Дор-Дор тасдиқ намуд, ки Ёсир Баҳор фарзанди Аҳмад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё