Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ва аз қадимтарин мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Афғонистон ба шумор меравад. Дар тӯли мавҷудияташ ин лисаро шахсиятҳои бузурги сиёсию фарҳангии Афғонистон аз қабил собиқ сарвазири Афғонистон Ҳошими Майвандвол, собиқ раҳбари ҳукумати коммунистии Афғонистон доктор Наҷибуллоҳ, роҳбари давлати феълии Афғонистон Ҳомид Карзай, олими шинохтаи соҳаи риёзию фалсафа доктор Муҳаммадсиддиқи Афғон ва ғайра хатм кардаанд. Нависандаи ин сатрҳо соли 2004 дар Кобул, дар ин лиса бо чанде аз муаллимону мураббиёни ин даргоҳи илму маърифат сӯҳбат доштам. Ҳамаи онҳо ибрози ифтихор мекарданд, ки мактаби онҳоро чунин одамони бузург хатм кардаанд. Бахусус дар бораи Аҳмад Зоҳир бо як меҳру муҳаббати бепоён ҳарф мезаданд. Муаллими фанни таъриху адабиёт Саидисмоили Саидҳабиб, ки ба Аҳмад Зоҳир дарс гуфтааст, ӯро ҳамчун хонандаи боодоб ва болаёқат тавсиф намуд. «Дар ёди ман нест, ки Аҳмад Зоҳир рӯзе ба мактаб бе тайёрӣ омада бошад», — мегӯяд Саидисмоил. Мудири умумии лиса Саидносири Аскарзода қайд намуд, ки Аҳмад Зоҳир бо вуҷуди фарзанди нахуствазири кишвар будан аз ҳаммактабиёни худ дар муомила ва муносибат ба устодон ва шогирдон фарқ намекард. Соли 2004 аввалин маротиба дар лисаи Ҳабибия зодрӯзи Аҳмад Зоҳир таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар мактаб ҷашни пуршукӯҳе барпо шуд, ки дар он ҳамсинфон, устодон, ҳаводорони Аҳмад Зоҳир аз ҳисоби мардони сиёсию фарҳангии кишвар ширкат карданд. Ба номи Аҳмад Зоҳир китоби ёддоштҳо тартиб дода шуд, ки бо хоҳиши маъмурияти мактаб банда низ дар он китоб дар бораи ҳунари волои ин нобиғаи мусиқӣ ибрози назар намудам. Мудири мактаб

пешина
аз 338
навбатӣ