Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ор мекарданд, ки фарзандони онҳо ба ҳунари мусиқӣ машғул шаванд. Овозхониро онҳо шуғли намояндагони табақаи поёнтар медонистанд. Аҳмад Зоҳир ин анъанаро якумин шуда шикаст. Дар ин самт ӯ инқилоб кард. Бузургӣ ва дурандешии падари Аҳмад Зоҳир доктор Абдузоҳир дар он буд, ки садди роҳи писараш нагардид. Падари Аҳмад Зоҳир ҳамеша кӯшиш мекард, ки фарзандонаш чӣ аз ҷиҳати маънавӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ рушду нумӯ кунанд, ҳам аз илмҳои гуманитарӣ бохабар бошанду ҳам аз фанҳои техникӣ. Ин нуктаро мусоҳибонам ва муаллифони афғонӣ низ борҳо таъкид кардаанд. Барои мисол навиштаи овозхон ва оҳангсози маъруфи афғон Абдулваҳоби Мададиро манзуратон месозем. Ӯ дар китоби худ "Саргузашти мусиқии муосири Афғонистон", ки соли 1996 дар Теҳрон ба табъ расидааст, дар бораи Аҳмад Зоҳир аз ҷумла менависад: "Аҳмад Зоҳир дар 24 ҷавзои соли 1325 ҳиҷрии хуршедӣ дар Кобул мутаваллид шуд. Падараш доктор Абдузоҳир, ки замоне Садри Аъзами кишвар ва замоне ҳам Раиси Вулси Ҷирга (Шӯрои миллӣ)-и Афғонистон буд, нахустин мушовири ӯ дар роҳи мусиқӣ ба шумор мерафт".
Дар тарбияи Аҳмад Зоҳир дар хонаводаашон аз ҳама бештар модараш, ки зани бофарҳанг будааст, саҳми калон доштааст. Дар муҳити хонадон Аҳмад Зоҳирро навозишкорона "Турҷон" мегуфтанд.
Овозаи хуб суруд хондани Аҳмад Зоҳир зуд паҳн мешавад. Дар синни 12 - 13 солагиаш ӯ аллакай яке аз овозхонҳои маъруфи литсеи "Ҳабибия" ба шумор мерафт. Литсеи "Ҳабибия", ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай ба
номи Оишаи Дурронӣ номгузорӣ шуд, дар ғарби шаҳри
Кобул мавқеият дорад. "Ҳабибия" соли 1902 таъсис ёфтааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё