Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

МАРСИЯҲО
ДАР СӮГИ АҲМАД ЗОҲИР

Абри сиёҳу маст бо раъду барку ғуриши тӯфон фаро расид,
Дар Осмони софи ҳунар ҳар тараф давид.
Оташ ба ошиёну муҳити ҳунарварон,
Бо шӯълаҳои тунду фалаксӯзи худ ҷаҳид.
Имшаб ситорагон бас бефурӯғу музтарибу зору хастаанд.
Парвин сиёҳ ҷодари ғам карда рӯи хеш,
Зӯҳра чунон гирист, ки хунаш ба ҷойи ашк,
Чун сели хунфишон равон шуд ба сӯи Моҳ.
Бечора Муштарӣ афсӯси оҳи хеш зад оташ ба ҷони дил,
Афсурда Ахтарон дар саҳни осмони ҳунар зору беқарор.
Ашки Ситорагон чун сели хун равон шуду оташ фурӯ нишаст.
Ин осмони пургаму андӯҳи бекарон, ин осмони мост,
Ин осмони маҳфили мотамсарои мост.
Ин ҷумла ахтарон, яъне ҳунарварон,
Яъне ҳунарварони ғамини муҳити мо мотам гирифтаанд


Боғ имшаб сарду бешӯру наво,
Андалебон сар ба зери боли ғам,
Булбулон афсурдаву зору диҷам.
Сарв ларзон қоматаш хам кардааст.
Қумриён барпо ба гулшан шӯрӯ мотам кардаанд.
Хун аз чашми ҳазорон меравад,
Ҳамчу рӯҳе к-аз тану ҷон меравад.
Хунҳои гармашон аз чашми дил,
Гаҳ ба доман, гаҳ ба рӯи барги ларзон медавад.

пешина
аз 338
навбатӣ