Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно,
МАН ДАР СУРОҒИ ТУ

Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно, ман дар суроғи ту,
Вале аз ту суроғе нест,
На дар ин ҷо, на дар он ҷо.
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Ман аз ин остон азми сафар дорам.
Вале бовар намекардам,
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Барои нолаам танг аст ин дунё,
Ба қалбам хун ҳамечӯшад.
Ҷудо аз мо куҷо рафтӣ, чаро рафтӣ?
Чаро бе мо сафар кардӣ?
Чаро аз мо ҳазар кардӣ?
Ба қалби мо зи ҳаҷрат оташ афрӯхтӣ, рафтӣ,
Ва моро аз фурӯғи доғи ҳиҷрат сӯхтӣ, рафтӣ.
Сурудат бо ҳазорон нағмаи ҳастӣ,
Ҷаҳонро бурд дар мастӣ.
Шукӯҳат осмонӣ буд,
Вале ин дам зи ту ҷуз нағмаи овоз боқӣ нест.
Туро ай ошнои хуби ман,
Суруди ҳастии ҷовид мехондам.
Туро мағрур мехондам,
Вале аз дур садоят ошнои лаҳзаҳоям буд.
Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ,
Вале, ай Зоҳири ҷон, инро барои хеш тӯҳмат сохтӣ, рафтӣ.
Зи ғам даври мазорат ашк мерезаму мегӯям,

пешина
аз 338
навбатӣ